Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҷузъиёти нав: «Чатаеви чечен таркишҳои Истанбулро созмон додааст»

Раиси  Кумитаи амнияти миллии Конгресси Амрико дар суҳбат ба шабакаи телевизионии CNN гуфтааст, ки Аҳмад Чатаев аз як аз онҳоест, ки таркишҳои охир дар шаҳри Истанбули Туркияро созмондиҳӣ кардааст.


Дар пай ин изҳори назари мақоми амрикоӣ Бидзина Иванишвилӣ , раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон, ки ҳоло гупернатори Одессаи Украина аст, дар суҳбат ба шабакаи “Рустави-2”  гуфт, моҳияи сентябри соли 2012 Аҳмадл Чатаев боздошт шуда буд, аммо дар замони ҳукумати  сарвазири нави Гурҷистон озод шуд. Ӯ гуфт, ки тағйири қудрат дар Гурҷистон ва ба ҳукумат расидани миллиардер Бидзина Иванишвилӣ шуд, ки Чатаев аз зиндон озод шавад.

Вале баъди аз ин изҳори назарҳо Бидзина Иванишвилӣ раиси Кумитаи дифоъ ва амнияти парлумони Гурҷистон Ираклий Сесиашвилӣ гуфт, ки Аҳмад Чатев агенти хадамоти махсуси Гурҷистон будааст.

Дар ҳафтаи ахир дар иртибот ба ҳодисаҳои таркиш дар майдони ҳавоии Отатурки Истанбул 11 шаҳрванди хориҷӣ боздошт шудааст.

Ҳоло тафтишот идома дорад. Раҷаб Тайиб Эрдуғон пас аз ин ҳамлаҳо аз гуруҳи «Давлати исломӣ» интиқод намуда, гуфт, ки ин гуруҳи террористӣ ҳеч рабате ба ислом надоранд ва ҳама бояд алайҳи ин гурӯҳ муттаҳид шаванд.

 

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.