Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар вақти суханронии Рашид Олимов дипломати эронӣ толорро тарк кард

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ҳангоми суханронии Рашид Олимов, Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҷаласаро тарк кардааст.

Ин хабарро сомонаи форсии «Тобнок» тасдиқ карда, навишт, ки Муҳаммадҷавони Зариф пас аз он ки сарони кишварзои узви созмон суханрониашонро тамом карданд, дар вақти суханронии Рашид Олимов, Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай толорро тарк кард.

Ба иттилои ин сомона, як дипломати эронӣ дар суҳбат бо сомонаи мазкур гуфтааст:« Оқои Зариф дар суханронии руасои кишварҳои узви Созмон ҳузур дошта, вале ҳингоми суханронии дабири кулли Созмон, ҷаласаро тарк кардааст

Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки Иброҳим Раҳимпур, муовини Вазири умури хориҷии Эрон дар нишасти хабарӣ дар Тошканд гуфт, Муҳаммадҷавод Зариф ба далели адои намоз ҷаласаро тарк кард ва эътирозе дар миён набуд:«Оқои Зариф нишасти Шонгҳойро барои адои намоз тарк карда буд, на эътироз.Эътирозе дар кор набуда ва танҳо барои адои намоз, Зариф ҷаласаро тарк кардааст

Дар идома ин сомона менависад, ки дар ҷаласаи сарони созмон иттифоқи хоссе рух надода буд, ки сабаби эътирози ҷониби Эрон шавад:«Асосан иттифоқи хосс ва ҷадиде дар нишасти СҲШ наафтода буд, ки ниёзе ба эътирози вазири хориҷаи Эрон дошта бошад. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба раванди куллии авзоъ дар робита бо Эрон, Зариф саъй дошт дар амал нишон диҳад, ки ин Созмон он қадр ҳам барои Эрон муҳим нест ва ба ҳамин далел, танҳо дар чанд суханронии ибтидоии ҷаласа ҳузур дошта ва сипас солунро тарк кард».

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд ва Эрон низ ба ҳайси яке аз кишварҳои узви ин созмон ширкат кард. Тибқи нақша бояд масъалаи узвияти Эрон дар нишаст ҳал мешуд, вале ҷониби Чин ва Тоҷикистону Узбакистон ба узвияти Эрон дар ин созмон мухолифат нишон дода, онро вето кардаанд.

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Сархадбон 30.06.2016 09:11

    Номарди аз ин зиёд намешавад, агар Точикистон бо Узбакистону Чин ба узвияти Эрон ба ШОС зид баромадааст…! Баъди ин чи тавр метавон худро меросхури тамаддуни эрони номид??!!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.