Президент аз тармафароии имсола нигарон аст
Эмомалӣ Раҳмон – президенти Тоҷикистон – аз ҳалокати 13 шаҳрванди кишвар бар асари тармафароӣ дар минтақаҳои кӯҳии кишвар хабар дод.
Вай рӯзи 10 феврал дар нишасти Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, ки танҳо дар моҳи январи имсол ҳудуди 250 тарма фаромада, талафоти ҷонӣ ва молӣ ба дунбол дошт. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки аз ҳама бештар вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ шоҳиди тармафароӣ буд.
«Аз ҷумла, 152 ҳолат дар ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъа, 22 ҳолат дар ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, шаҳри Роғун ва 70 ҳолати тармафароӣ дар ноҳияи Варзоб сабт шуд», — гуфтааст Президенти Тоҷикистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ