Нарзулло Латифов: Сохтори алоҳида ҷиҳати пешрафти варзиш пурсамартар хоҳад буд

Устод, нахуст шуморо бо ҷашни 65-солагии мавлудатон самимона табрик мегӯем. Лутфан, бигӯед, ки ин санаи бароятон фархундаро чӣ гуна ҷашн мегиред?

— Ман, одатан, ҷашнҳои зодрӯзамро дар ҳалқаи хонаводаам хоксорона таҷлил мекунам. Устоди бузургворам, шоири ширинкаломи тоҷик шодравон Аминҷон Шукӯҳӣ, ки барои шореҳи футбол шудани банда хидмати бузург кардаанд, фармудаанд:

Дона то дар хок н-афтад, кай ба боло қад кашад,

Қадри одам ҳам баланд аз хоксорӣ мешавад. 

 

Шуморо ҳамчун шореҳи муборизи варзиш дар кишвар мешиносанд. Агар яке эҳтиром намояд, дигаре Шуморо дидан баробар роҳ дигар мекунад, сеюмиро назараш намегирад. Бо кадоми онҳо Шуморо рӯ ба рӯ омадану дарди дил кардан хуш меояд?

— Ба ин саволатон бо ду мисраъ шеъри Саъдӣ посух медиҳам:

Моро биҳишт суҳбати ёрони ҳамдам аст,

Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст.

 

Садои эътирозии шумо, бахусус ҳангоми аз се сохтори муҳим – ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сохтани Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ боизтироб баланд шуд, ки ин тадбирро набояд кард. Вале касе гӯш надод. Акнун Президенти кишвар дар Паёмаш ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуд, ки сайёҳӣ ба сохтори алоҳида тааллуқ дошта бошад, беҳтар аст. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки пофишориҳои шумо дар ин масъала беҳуда набудааст…

— Ин талаби замон аст. Таҷдиди мақомоти идораи давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, яъне ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил додани он, мутаассифона, ба идора ва танзими самаранокии фаъолияти соҳа таъсири манфӣ расонда, барои рушди минбаъдаи варзиш дар кишвар монеаҳои зиёд эҷод кардааст. Бинобар ин, ба фикри ман, сохтори алоҳида ҷиҳати пешрафти варзиш фаъолияти пурсамартар анҷом хоҳад дод. Соҳаҳои ҷавонон ва сайёҳӣ, ки имрӯз бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд, дар сурати дар алоҳидагӣ фаъолият кардан, ҳар чь бештар муваффақ хоҳанд шуд.

Аз диди шумо, донандаи хуби соҳаи варзиш, дастовардҳои варзишии Тоҷикистони шӯравӣ бештаранд ё замони соҳибистиқлолии кишвар?

— Дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон якчанд намуди варзиш, ки мо дар онҳо қаҳрамонҳои ҷаҳону олимпӣ доштем, рушд карда буд ва дастаҳои мунтахаби СССР ин ҷо омада, машқ мекарданд. Масалан, қаиқронӣ.  Иброҳим Ҳасанов мураббии беҳтарини Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин намуди варзиш буд. Шогирди ӯ — Юрий Лобанов ба унвонҳои баланд – қаҳрамону барандаи ҷоизаи биринҷии Бозиҳои олимпӣ, қаҳрамони ҳашткаратаи ҷаҳон ва Аврупо, бародари калониаш Михаил чандин карат ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта буданд.   Намуди дигари варзиш камонварист ва намояндаи барҷастаи он Зебуннисо Рустамова мебошад, ки қаҳрамони мутлақи ҷаҳон, барандаи медали биринҷии олимпӣ гардидааст. Дар шаҳри Душанбе чемпионати Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба камонварӣ баргузор мешуд. Велосипедронӣ низ рушд карда буд ва мо роҳҳои басо мувофиқ доштем. Саид Ҳусейнов ғолиби пойгаи умумиҷаҳонӣ буд. Николай Макаров дар велотрек қаҳрамони ҷаҳон шудааст. Анатолий Старостин дар намуди панҷҳарбаи муосир қаҳрамони дукаратаи олимпӣ ва ҷаҳон, Ҳусейн Исмоилов дар шамшерзанӣ қаҳрамони ҷаҳон, Эрика Шиллер дар гимнастикаи бадеӣ қаҳрамони ҷаҳон, Саидмӯъмин Раҳимов оид ба самбо қаҳрамони ҷаҳон, Владимир Полосин дар тирандозӣ рекордсмени ҷаҳон буданд. Ва баъзе намудҳои олимпии варзиш баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт ва ҳоло эҳё мешавад.

-Се медали тилло ва ду медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ бузургтарин дастоварди варзишгарони Тоҷикистон дар замони шӯравист.

-Дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон бошад, варзишгарони мо имкон пайдо намуданд, ки дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ, байналмилалӣ то Бозиҳои олимпӣ дар ҳайати мунтахаби кишвар иштирок намоянд. Дар муддати 25 соли Истиқлолият варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ 2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ ба даст овардаанд. Вале дар намуди олимпӣ мо танҳо як қаҳрамони ҷаҳон дорем, ки ӯ Андрей Абдувалиев мебошад. Вай дар чемпионати ҷаҳон оид ба гурзандозӣ ду бор – солҳои 1993 ва 1995 – медалҳои тиллоро соҳиб шудааст. Зимнан, Абдувалиев соли 1992 дар Олимпиадаи Барселонаи Испания қаҳрамон шудааст, ки медали тиллои ӯ ба дастаи мунтахаби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил марбут аст. Мутаассифона, дар муддати беш аз 40 соли қаҳрамонии Саидм=ъмин Раҳимов дар чемпионати ҷаҳон оид самбо дар Мински Беларус касе дигар аз Тоҷикистон медали тилло ба даст наовардааст. Умуман, то имрӯз мо дар ягон навъи г=штӣ қаҳрамони ҷаҳон надорем.

Оё таҷрибаҳои шӯравӣ дар Тоҷикистони навин омӯхтаю истифода мешаванд?

— Истифода мешаванд, вале на ба мисли он ки дар замони шӯравӣ буд. Чаро Чин дар варзиш пеш рафт?  Зеро дар варзиш низоми шӯравиро қабул кард. Тарбияи варзишгарон аз кӯдакистон сар мешуд то варзиши касбӣ. Имрӯз мактабҳои варзишӣ, мактабҳои маҳорати олии варзишӣ ҳастанд, вале фаъолияти қаноатбахш надоранд. Ҷамъиятҳои ихтиёрии варзишӣ аз байн рафтанд. Вале метавон гуфт, ки бо вуҷуди камбудиҳои зикршуда солҳои охир таваҷҷуҳ ба варзиш бештар шудааст. Бахусус бо дастгириву кумаки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи манотиқи кишвар иншооти мухталифи варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Чӣ барои шореҳони варзиш намерасад? Онҳо дар куҷо бозомӯзӣ намоянд?

— Ман ҳамчун раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиш аз рӯи имкон шореҳони варзишро даъват намуда, бо онҳо суҳбат мекунам, давраи бозомӯзӣ мегузаронем. Аммо ин кофӣ нест. Масъулону ташкилотҳои марбутаи соҳа, расонаҳои хабарӣ бояд дар ҳамкорӣ бо факултаҳои журналистика кор кунанд, семинарҳо баргузор намоянд. Шореҳони варзиш бояд қоидаҳои одитарини намудҳои интихобкардаашонро донанд, маълумоти рӯзноманигорӣ дошта бошанд. Шореҳи варзиши телевизиону радио бояд садои мувофиқ ва қобилияти ҳунарварӣ низ дошта бошад, забонро хуб донад. Баъзан аз забони шореҳони варзиш суханҳое мешунавед, ки хандаовар аст.

— Вазъи футболи тоҷикро дар солҳои соҳибистиқлолӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Ба рушди футбол бояд эътибори махсус дод. Аз мактабҳои кӯдакону наврасон бояд шурӯъ кард. Футбол ба маблағгузории бештар эҳтиёҷ дорад. Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарии Рустами Эмомалӣ корро аз футболи кӯдакону наврасон оғоз кард, ки ин хуб аст. Солҳои охир ба рушди футбол миёни кӯдакону наврасон аҳамияти зиёд дода мешавад ва лоиҳаҳои зиёд роҳандозӣ шудааст. Вале барои инкишофи футболи касбӣ ба мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии ҷумҳурӣ бояд таваҷҷуҳи хоса зоҳир шавад. Зеро аз он дастаҳое, ки дар лигаи олӣ бозӣ мекунанд, имрӯз танҳо “Истиқлол” маблағи кофӣ дорад. Бо ин футболи тоҷик пеш намеравад. Ба мисли “Истиқлол” боз 5-6 дастаи дигар бошад, он гоҳ рақобат барои унвони қаҳрамонӣ тезутунд мешавад. Майдонҳои футболро бинед, ҳоли табоҳ доранд. Аслан, се варзишгоҳи мо дар Душанбе, Турсунзода ва Хуҷанд ба талаботи мусобиқоти байналмилалӣ то як андоза ҷавобгӯянд.

-Бори дигар табрику таҳният мегӯям, устод, шуморо бо мавлуди ҷашниатон! Бигзор тансиҳатию рӯҳи оштинопазирӣ ҳамеша ёратон бошад!

— Ташаккур!

Мусоҳиб Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *