Президент дар Панҷакент аз ҳоли ятимон хабар гирифт
Имрӯз, 5-уми июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи сехи металлургӣ дар Корхонаи муштараки “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент бо 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бӯстон, Айнӣ, Шаҳристон, Куҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод мулоқот карда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, ятимон аз дасти Сарвари давлат туҳфаҳои арзишманд гирифтаанд.
Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятими шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суҳбати самимӣ ороста, онҳоро барои таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва кор бо технологияи муосир ҳидоят намудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ