Мехост лӯлаи газро тарконад, вале боздошт шуд

Дар Қрим як нафарро барои кӯшиши тарконидани лӯлаи газ боздошт кардаанд. Ба гуфтаи манбаъҳо, ӯ аллакай ба гуноҳаш эътироф кардааст.

Гуфта мешавад, ки таркиш дар лӯлаи газ шаби 23-юми июн дар деҳаи Кореиз дар соҳили ҷанубии Қрим рух додааст. Баъди таркиш сӯхтор сар зада, оташ зуд хомӯш карда шудааст. Дар ин ҳодиса талафот ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, то 4-уми июл полис ва ФСБ ба назди гумонбар омадаанд. Маълум шудааст, ки ӯ зодаи Павлогради Украина Сергей Ержови 42-сола буда, шаҳрвандии Русияро гирифтааст ва дар Ялта сабти ном шудааст.

Ержов иқрор шудааст, ки лӯлаи газро ӯ тарконидааст.

Алайҳи ӯ аз рӯи моддаи «қасдан нобуд кардани амвол» парванда боз шуда, ӯро то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *