Боздиди Президент аз корхонаи “Зарафшон”

Имрӯз, 5-уми июл Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент ташриф оварда, як қатор сехҳоро дар ҶДММ Корхонаи муштараки “Зарафшон” мавриди истифода қарор дод.

Бино ба иттилои бадастомада, иқтидори коркарди коргоҳи металлургии мисгудозӣ 165 ҳазор тонна аст. 4,5 ҳазор тонна миси катодӣ, ҳамчунин тилло ва нуқра истеҳсол карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки корхона бо муосиртарин технологияи ҷаҳонӣ бунёд ёфта, аз 9 сех, аз ҷумла сехҳои коркарди селлюлоза, истеҳсоли мис, шираи оҳактайёркунӣ, сехи туршкунии пешакӣ, коргоҳҳои бо оксиген дар зери фишор ишқоркунонӣ, коргоҳи электролизи мис, дегхонаи гармидиҳӣ, пойгоҳ барои гардиши об, стансияи компрессории ҳаво ва оби соф иборат мебошад.

Корхонаи муштараки “Зарафшон” феълан коркарди конҳои “Таррор”, “Ҷилав”, “Олимпики”, “Хирсхона”, кони оҳаксанги “Даҳани мазор” ва регу шағали “Моғиёндарё”-ро ба роҳ мондааст. Барои истеҳсоли миси стандарти катодӣ кансентрати кони “Таррор” истифода бурда мешавад.  

Дарк корхонаи мазкур наздики 300 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидаанд. Бояд гуфт, ки 12 нафар мутахассисони маҳаллӣ дар Чин аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд. Ин коргоҳи азими саноатӣ бо саҳми Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Корпоратсияи куҳкории “ЗИҶИН” бунёд гардидааст.

Дар охир Президент аз намоиши маҳсулоти Корхонаи муштараки “Зарафшон” боздид ба амал овард. Дар намоишгоҳ маъданҳои конҳои “Таррор” ва “Ҷилав”, хокаи бойгардонидашудаи мис аз кони “Таррор”, тилло ва нуқраи истеҳсоли корхона ва миси катодӣ ба маъраз гузошта шуд.

Зимни боздид иброз гардид, ки феълан дар ҷамъияти мазкур 2809 нафар соҳиби ҷои кор буда, ҳамасола иқтидори истеҳсолӣ афзоиш дода мешавад.

Тибқи маълумоти масъулин дар 6 моҳи соли ҷорӣ Корхонаи муштараки “Зарафшон” ба маблағи зиёда аз 2,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Дар ин давра ҳамчунин истеҳсоли хокаи бойгардонидашуда 23,1 ҳазор тоннаро ташкил дода, ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта ба 18,4 ҳазор тонна баробар будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *