Президент вазири корҳои дохилиро хиёнаткор хонд

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар паёми солонааш ба парлумон вазири собиқи корҳои дохилӣ Адҳам Аҳмадбоевро ба хиёнат айбдор кард ва гуфт, ки Аҳмадбоевро барои хиёнат ва пайвастан ба як гурӯҳ аз рутбаи генерал-лейтенант маҳрум кардааст. Аҳмадбоев моҳи январ аз мақоми вазири дохила барканор ва мушовири президент таъйин шуда буд.

Шавкат Мирзиёев,президенти Узбекистон дар паёми солонааш ба парлумон, ки рӯзи 22 декабр ироа кард, вазири собиқи корҳои дохилӣ Адҳам Аҳмадбоевро хоин номид. Мирзиёев дар паёмаш бидуни овардани ҷузъиёт гуфт: «Шумо медонад, ки собиқ вазири корҳои дохилӣ Аҳмадбоев ҳоло дар куҷост? Ман ӯро барои хиёнат аз рутбаи генерал-лейтенант маҳрум кардам. Виҷдони ман набардошт, ки ӯ бо онки вазири Узбекистон буд, хиёнат кард ва ба як гурӯҳ пайваст… Шумо ҳам инро фаромӯш накунед.”

Мирзиёев дар суханрониаш дар бораи ҷузъиёти хиёнате, ки вазири собиқи дохила Адҳам Аҳмадбоев ба он айбдор мешавад, чизе нагуфт.

Адҳам Аҳмадбоев аз намояндагони клани Тошканд ба шумор рафта, дар ҳукумати президенти қаблӣ Ислом Каримов аз нуфузи густардае бархӯрдор буд, вале аз оғоз бо Шавкат Мирзиёев, ки як сол пеш, дар пайи даргузашти Каримов ба қудрат расид, соз нагирифт.

Мирзиёев рӯзи 4 январи соли равон, ҳамагӣ як моҳ баъди интихобаш ба мақомипрезиденти Аҳмадбоевро аз мақоми вазири дохила барканор кард ва ба ҷои ӯ Абдусалом Азизов, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Ҷиззахро овард. Мирзиёев, қарори маълум, худаш ҳам зодаи ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах аст.

Адҳам Аҳмадбоев баъди барканорӣ аз мақоми вазорат мушовири давлатии президент дар умури мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъйин шуд, вале ҳамчунон таҳти тозиёнаи танқиди Мирзиёев боқӣ монд. Мирзиёев аз ҷумла дар як ҷаласаи селекторӣ дар моҳи феврал хеле бо як лаҳни тунд аз Аҳмадбоев интиқод карда, ӯро дар пеши ҳама «бевиҷдон” номид.

Мирзиёев дар ин ҷаласа аз ҷумла гуфт: «Ман чандин бор дар ин бора ба ҷаноби Аҳмадбоев гуфтам. Вале ману вай якдигарро намефаҳмем. Ман ҳатто намедонам, ки ин бевиҷдон кадом забонро мефаҳмад, дар куҷо хондааст, ки ягон чиро намефаҳмад. Ман ба вай даҳҳо супориш медиҳам, вале вай ҳеҷ нафаҳмад. Эй ту, бевиҷдон, ман чанд моҳ боз аз ту мехоҳам, ки пешниҳодҳоятро бидеҳ, вале ту фақат як гап дорӣ: пагоҳ, пагоҳ, пагоҳ… Ё намефаҳмад, ё кар аст, ё супоришҳои маро иҷро кардан намехоҳад. Дар мо тартибот нест. Агар вазироне, ба мисли Аҳмадбоев, ки чизеро намефаҳманд, дар курсиҳо нишаста бошанд, чӣ ҷои гила? Ман бо ӯ ба узбекӣ ҳам гуфтам, ба русӣ ҳам гуфтам, ба ягон забон намефаҳмад. Бо кадом забон гапаш занам?”

Адҳам Акрамович Аҳмадбоев 14 феврали соли 1962 дар шаҳри Тошканд ба дунё омада, соли 1988 Донишгоҳи давлатии Тошканд ва соли 2004 Академияи вазорати корҳои дохилии Узбекистонро хатм кардааст. Фаъолияташро дар милиса соли 1985 ҳамчун нозири ноболиғон дар ноҳияи Октябри шаҳри Тошканд оғоз карда, соли 2006 ба мақоми муовини вазири корҳои дохилӣ ва соли 2011 муовини якуми вазири дохилаи Узбекистон таъйин шуд. Аҳмадбоев 13 декабри соли 2013 бо фармони Ислом Каримов вазири корҳои дохилӣ таъйин шуд ва дар соли 2014 ба ӯ рутбаи генерал-лейтенант доданд. Адҳам Аҳмадбоев, ки варзишгари шинохта низ ҳаст, ҳамин тавр, аз соли 2014 раҳбарии Маркази муҳорибаҳои шарқӣ ва варзишҳои ҷангии Узбекистонро бар дӯш дошт.

Шавкат Мирзиёев дар соли аввали раҳбариаш хеле аз афроди пурнуфузи даврони раёсати Ислом Каримов, аз ҷумла муовини сарвазир Рустам Азимовро аз мақом барканор карда, ба ҳошия ронд. Вале Адҳам Аҳмадбоев нахустин узви ҳукумати Ислом Каримов аст, ки расман ба хиёнат айбдор мешавад.Аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки ин генерал-лейтенанти ҳамакнун собиқ ба кадом гурӯҳ пайваста ва чӣ хиёнат кардааст?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *