Лидерони майхора аз Елтсин то Набиев

Барои ин сарварони давлатҳо майнӯши шуғли писандидатарин ва ҳатто одати муқаррарӣ гашта буд. Шиорашон гӯё ҳамон суханони машҳури суруди классикӣ буд: «Май бошаду ман бошаму вай!». Онҳо ширакайфу махмур дар назари халқ пайдо шуда, хандахариш мешуданд, дар бораашон латифаҳо мебофтанд.

 

Коняки ноштоии сарвари Еврокомиссия

Таблоиди (расонаи) Британия «The Sun» иттилоъ паҳн карда буд, ки сарвари Еврокомиссия Жан-Клод Юнкер ҳангоми гуфтушунидҳо доир ба Кипр дар Женева аҷаб рафторҳое мекард. Бинобар гуфтаҳои дипломатҳо, ки расона ба онҳо иснод меорад, «Юнкер воқеан масти лояқил буд. Ӯ аз таҳти дил хушҳолӣ менамуд, ки аз назарҳо пинҳон намонд, — гуфтааст яке аз дипломатҳо. – Вай гоҳе ба ашёҳои кабинет бармехӯрд ва бо ёрдамчии ҷавонаш шӯхиҳо мекард. Хулоса, ӯ рафтори шигифтоваре зоҳир менамуд, ки ин атрофиёнро нороҳат месохт».

12 январи соли 2017 ВАО-и Аврупо низ ба рафтори аҷиби сарвари Еврокомиссия таваҷҷуҳ намуданд. Юнкер дар конфронси Кипр лидерҳои давлатҳои Иттиҳоди Аврупоро шӯхикунон рӯю лунҷашонро бо даст навозиш мекард. Ин мансабдори баландпояи Аврупо одати дар вақти  ношто нӯшидани конякро доштааст. Моҳи июли соли 2016 рӯзномаи «Le Soiz» навишта буд, ки «Юнкер нӯшидани коктейлҳоро хеле меписандид. «Тамокукаши ашаддӣ аз истеъмоли маю ҷин-тоник рӯй наметобад.

(Матлабро пурра дар шумораи солинавии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *