Исфара: Зан ҳамхонаи русашро бо корд зад

Бино ба маълумоти ВКД, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 47-солаи сокини шаҳри Исфара, миллаташ қирғиз, ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, санаи 24-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 01:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамзисташ, марди 53-сола, миллаташ рус, машрубот истеъмол намуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда 1-маротиба ба шиками ӯ задааст.
Дар натиҷа марди номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, татфишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *