Президенти АМИТ дар Ҷопон бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрд

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар доираи сафар ба Ҷопон бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ кард.

Мулоқоти узви вобастаи АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода бо донишҷӯёну шаҳрвандони муқими Тоҷикистон дар Ҷопон 30 ноябри соли равон дар Сафорати Тоҷикистон дар Токио сурат гирифт.

“Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон  оид ба сиёсати пешгирифтаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти илму маориф, таълиму тарбия ва соҳибкасб намудани наслҳои ҷавони кишвар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ суҳбат намуд”,-иттилоъ доданд аз АМИТ.

Такъид гардид, ки донишҷӯён бояд аз ин имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд. Ҳамчунин, савияи дониши худро сайқал диҳанд ва дар оянда ба ватани худ баргашта, дар пешрафти соҳаҳои гуногун саҳми худро гузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *