Президенти БАТР ба Тоҷикистон меояд

Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Одил Рено-Бассо ба Тоҷикистон меояд. Ин сафари ӯ имрӯз, 29 апрел сурат мегирад.

Дар доираи барномаи дурӯзаи сафар Одил Рено-Бассо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин  ва раиси Бонки миллӣ Фирдавс Толибзода мулоқот хоҳад кард.

Президенти БАТР Одил Рено-Бассо гуфтааст, ки соли гузашта бонк 30-солагии фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифт.

«Тӯли ин солҳо мо бо мақомоти марказӣ ва минтақавӣ, инчунин бо ҷомеаи соҳибкорӣ ҳамкории хубро инкишоф додем. Ин ба мо имкон дод, ки ба 168 лоиҳа дар саросари кишвар 947 миллион евро сармоягузорӣ кунем. Ин аввалин сафари ман ба Тоҷикистон аст ва интизори мулоқот бо масъулину дидани натиҷаи корамон дар кишвар ҳастам”,-таъкид доштааст ӯ.

Дар ҷараёни сафари Одил Рено-Бассо бонк ба нақша гирифтааст, ки чанд лоиҳаи қарздиҳии «сабз»-ро дар доираи Нақшаи чорабиниҳои «Шаҳри сабзи Душанбе» ва дастгирии соҳибкории занон ба имзо расонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *