Бунёди 1 ҳазору 300 синфхона дар вилояти Хатлон

Феълан дар вилояти Хатлон сохтмони беш аз 1 ҳазору 300 синфхона идома дорад. Баъди ба охир расидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти мавриди назар наздики 31 ҳазору 275 ҷойи нишаст ташкил мешавад.

Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 21 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ идома дорад. Ӯ мегӯяд, бо анҷом расидани корҳои сохтмонӣ 122 синфхона бо шаш ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор мегиранд.

«Ҳамчунин дар наздики 189 муассисаи таълимӣ бунёди 1 ҳазору 303 синфхонаи иловагӣ идома дорад. Баъди ба истифода додани иншооти мавриди назар 31 ҳазору 272 ҷой барои нишасти хонандагон ташкил мешавад»,-таъкид дошт номбурда.

Ғазалшоҳ Сафарзода афзуд, ки бо маром идома додани корҳои сохтмонӣ ба хотири истиқболи шоиста аз 35 солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *