Президенти Бозиҳои олимпӣ аз Давлат Болтаев узр пурсид
Тони Эстангует, президенти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж — 2024 ба далели иштибоҳ ҳангоми барафрохтани парчам ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи узрхоҳӣ фиристод.
Дар номаи худ Тони Эстангуэт гуфтааст, ҳангоми тақдими медалҳо ба ғолибон бо айби гуруҳи тадорукот иштибоҳан ба ҷои парчами Тоҷикистон парчами Тайланд боло карда шуд.
Дар ин нома масъулони Бозиҳои олимпии Париж аз барандаи медали биринҷӣ Давлат Болтаев, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон узр хостанд.
«Кумитаи тадорукоти Париж 2024 аз ҷаноби Болтаев, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон самимона узрхоҳӣ мекунад. Мо комилан дарк мекунем, ки ин лаҳза аз даст рафтааст ва аз ин сахт таассуф менамоем”, — омадааст дар матни паёми узрхоҳӣ.
Дар Бозиҳои олимпӣ дар мусобиқоти бокс дар вазни то 92 кило Узбекистон тило, Озарбойҷон нуқра ва Тоҷикистону Испания биринҷӣ гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ