Президенту президентшавҳо Президентро табрик гуфтанд
Президенти Русия Владимир Путин роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар як сӯҳбати телефонӣ бо 64-умин зодрӯзаш табрик кард.
Дар вебсайти президенти Тоҷикистон дар ин замина гуфта мешавад, ки ба ин муносибат роҳбарони ду кишвар бори дигар ба тақвияти ҳамкориҳои миёни ду кишвар таъкид карданд. Рӯзи 5 октябр иҷрокунанди вазифаи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев низ Раҳмонро дар як сӯҳбати телефонӣ бо зодрӯзаш табрик кард. «Дар ҷараёни ин сӯҳбат ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон мубодилаи афкор карда, ба дурнамои рушди онҳо таваҷҷуҳ намуданд», — менависад сайти президенти Тоҷикистон. Дар хабар омадааст, дар ин сӯҳбат инчунин аз натиҷаҳои сафари кории вазири корҳои хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ