Ба ҷои Пан Ги Мун Гутерреш Котиби генералӣ мешавад

Антониу Гутерреш, сарвазири собиқи  Португалия Котиби генералии Созмони миллали муттаҳид (ООН) интихоб шуд. Дар ин бора хабаргузориҳои байналмилалӣ иттилоъ додаанд.

Бар асоси иттилои Reuters, дар шашумин раъйдиҳии пешакӣ ҳеч кишвар муқобили Гутерреш раъй надодааст.

Гутерреши 67-сола солҳои 1992-2002  ба сифати   котиби генералии Ҳизби сотсиалистии Португалия ва сарвазири ин кишвар кор кардааст. Аз соли 2005 дар вазифаи Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон фаъолият мекард.

Гутерреш дар ин мақом Пан Ги Мунро иваз хоҳад кард. Муҳлати Пан Ги Мун, ки аз соли 2007 дар ин мансаб аст, моҳи январ поён меёбад.

Котиби генералии  СММ барои 5 сол таъин мешавад, аммо имкони барои як муҳлати дигар интихоб шудани ӯ мавҷуд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *