Прокуратура 13 қарори раиси ноҳияи Ҷайҳунро бекор кард
Соли 2023 аз ҷониби мақомоти прокуратура 13 қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун бекор карда шудааст. Ҳамаи ин қарорҳо вобаста ба замин мебошанд.
Ини нукта имрӯз, 12 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Ҷайҳун садо дод.
Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳун дар посух ба суоли бекоркунии қарорҳо бисёр кутоҳ ҷавоб дод.
«Аз мо 13 қарорро бекор карданд. Дар бораи замин буданд. Фақат ба қонун мутобиқ карданд»,-гуфт ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ