Оператори“Анор” рақамҳои “қиматбаҳоро” ройгон то хона мерасонад

Оператори инноватсионии имкониятҳои соддаи рақамӣ тартиби хариди рақамҳои зуд дар хотир ҳифзшавандаро осон мегардонад. Акнун сокинони Душанбе имкон доранд, ки SIM-кортро бо рақами зебо ва тарофаи “Диёр 50” ба хона фармоиш диҳанд. Мутахассиси толори фирмавӣ онро бо суроғаи зарурӣ ройгон оварда мерасонад.

Чӣ тавр метавон рақамро интихоб намуд?

Рақамҳои зеборо метавонед дар сомонаи https://anor.mobi/, ва инчунин аккаунтҳои “Анор” дар Instagram ва Telegram интихоб намоед. Агар дар рӯйхатҳои интишоршуда варианти бароятон мувофиқ набошад, метавонед ба мутахассиси дастгирӣ дар Telegram бо рақами 781-781-781 муроҷиат намуда, аз ӯ хоҳиш кунед, ки бароятон комбинатсияи дилхоҳи рақамҳоро пайдо намояд.

Бурдарасонии ройгони SIM-корт танҳо дар он ҳолате имконпазир аст, ки агар нархи рақами интихобшудаи “қиматбаҳо” аз 50 сомонӣ зиёдтар бошад. Ба ғайр аз ин, зарур аст, ки маблағи тарофае, ки ба таври пегфарз ба SIM-корт пайваст шудааст, яъне тарофаи “Диёр 50” бо нархи 50 сомонӣ дар як моҳ пардохт карда шавад. Яъне маблағи харид аз 100 сомонӣ оғоз меёбад. Сипас метавон ба дилхоҳ тарофаи дигар гузашт.

Чӣ тавр метавон бурдарасониро фармоиш дод? 

Баъди интихоби рақам дар телеграм-канали 781-781-781 дархост гузоред. Пас аз ин мутахассиси “Анор” бо Шумо тамос гирифта, вақту макони бурдарасионии SIM-кортро, ки бароятон қулай аст, мувофиқа менамояд. Бурдарасонии ройгон танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе имконпазир аст!

Имзокунии шартномаи абонентӣ ва пардохти харид дар лаҳзаи ба даст овардани SIM-корт имконпазир аст. Дар баробари ин, Шуморо зарур аст, ки шиносномаи худро пешниҳод намоед. Истифодаи алоқаи “Анор”-ро бо рақами “қиматбаҳо” метавонед баъд аз якчанд дақиқа пас аз барасмиятдарории шартнома бо оператор оғоз намоед.

«Хизматрасонии нави оператори «Анор» маро ба ҳайрат овард. Ман рақами телефонеро мехостам, ки ба рақами мошини ман мувофиқат кунад. Ман ба мутахассиси дастгирӣ дар Telegram навиштам ва онҳо дар давоми як соат ба ман симкортро бо рақаме, ки ман орзу мекардам, оварданд!» – мегӯяд муштарии оператор Толиб Салихов.

Рақами зеборо интихоб намоед, бурдарасонии ройгонро фармоиш диҳед ва SIM-корти “Анор”-ро ҳар он ҷое, ки бароятон қулай аст, ба дасти худ гиред!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *