Пуштибонии намояндаи Думаи давлатии Русия аз тоҷикон

Константин Затулин, намояндаи Думаи давлатии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар як суханронӣ тоҷиконро дастгирӣ кард. Ӯ гуфт, ки онҳо инсондӯсту бомаърифатанд.

Ин намояндаи махсуси Думаи давлатии Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба нахустин сафари худ ба Тоҷикистон ва назарашро нисбат ба тоҷикон нақл кард.

“Бояд ҳамеша ҳақиқатро гуфт. Ман соли гузашта дар Тоҷикистон будам. Ин сафари аввалини ман бо ҳайати расмии Думаи давлатии Русия буд. Ҳодисаи аҷибро бароятон нақл мекунам. Дар Тоҷикистон деҳаест бо номи Шӯроб. Аҳолии зиёд дорад ва зиндагӣ дар инҷо вазнин аст. Тоҷике дар деҳаи Шӯроб қаҳвохона кушодааст. Дар дохили қаҳвахона китобхона бо адабиёти рус мавҷуд аст. Ҳар касе вориди қаҳвахона мешаваду китобҳои русӣ мехонад, хӯрокаш ройгон аст”.
Константин Затулин дар идомаи суханронӣ гуфт:

-Пас аз ин ман чӣ гуна ба ақидаи онҳое, ки тоҷикҳо ҳайвон, ваҳшӣ ва ғоратгар ҳастанд, диққат диҳам?!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *