Путин бомбаи атомиро фаъол мекунад?

Оё Русия метавонад дар ҷанг бо Украина аз силоҳи ҳастаӣ истифода кунад? Ва силоҳи ҳастаии тактикӣ аз стратегӣ чӣ фарқ дорад? Давоми як ҳафтаи охир баҳсу суҳбатҳо дар ин бора дар расонаҳои ҷаҳонӣ зиёд аст.

Расонаҳои Украина ҳамчунин машварати коршиносонро нашр мекунанд, ки дар сурати зарбаи ҳастаӣ бояд чӣ кор кард.

Истифодаи бомбаи ҳастаиро бисёриҳо чунин тасаввур мекунанд: “Кӯлоҳаки харобиоваре бо мушакандози гаронвазне партоб мешавад. Дар асл ин як силоҳи стратегӣ аст, ки баъди таркиши он замин мисли хокистар ва беҳосил мешавад. Силоҳи ҳастаии тактикӣ ба мушакандоз ниёз надорад. Ин кӯлоҳакҳоро тавассути ҳавопаймоҳои бомбандоз ё мушак партоб кардан мумкин аст. Ин навъи силоҳро барои нобуд кардани истеҳкоми рақиб сохтаанд. Ба воситаи як кӯлоҳак мешавад ба масоҳати чандин километр ва ба минтақаҳое, ки таҷҳизоти дигари низомӣ ба он пурра роҳ ёфта наметавонанд, зарба зад. Иқтидори силоҳи тактикӣ аз як то 100 килотон аст. Қуввати силоҳи ҳастаии стратегӣ ба 1000 килотон мерасад”.

Юрий Федоров, коршиноси низомӣ мегӯяд, ки “се омил ё се зарари он ба инсоният маълум аст  — мавҷи зарба, радиатсия, олудагии радиоактивӣ”. Мутахассисон ва равоншиносон ба он ду омили дигар илова мекунанд — ваҳшату фишор ё афсурдагии баъд аз таркиш.

Русия метавонад аз силоҳи ҳастаӣ истифода кунад. Бино ба оморе, ки бахши русии Би-би-сӣ бо истинод ба Анҷумани Донишмандони Амрикоӣ овардааст, захираи кӯлоҳаки ҳастаии Русия баробар ба тамоми захираҳои кишварҳои НАТО аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *