Путин ва Қодировро бо ДИ дар як саф гузоштанд

Созмони байналмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ва раҳбари Чеченистон Рамазон Қодировро ба рӯйхати душманони матбуот ворид кард.

Дар «парванда»-е, ки ин созмон дар сомонаи худ ҷой додааст, гуфта мешавад, ки Путин матбуоти мустақил, махсусан оҳоеро, ки ба пажуҳиши фасодкорӣ дар сатҳи баланди ҳукуматӣ даст мезананд, ҳадафи аслӣ қарор додааст. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки режими Путин барои саркӯб кардани озодии баён ва эътирозҳо дар Русия чораҳои сахтгиронаро ба кор мебарад.

Рамазон Қодировро «Хабарнигорони бидуни марз» ба таъқиби интиқодгаронаш дар дохилу хориҷ ва нест кардани матбуоти мустақил дар Чеченистон муттаҳам мекунанд.

Ба рӯйхати душманони матбуот 35 сиёсатмадор ва созмон, бо шумули президенти Беларус Александр Лукашенко, раҳбари Кореаи Шимолӣ Ким Чен Ин, созмони ҷиноии Мексика «Лос-Сетас» ва гурӯҳи тундрави «Давлати Исломӣ»-ро ворид кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *