Тайёраҳои Русия дигар ба Тоҷикистон намеоянд

Тавре,ки нашрияи русии “Комерсант” хабар медиҳад,мумкин аз 8 ноябр сар карда, тайёраҳои  мусофиркашони Русия дигар ба самти Тоҷикистон парвоз накунанд.

Ба гуфти ин манбаъ, ин амал бо сабаби моҷаро байни ширкатҳои ҳавонавардаии Русия ва Тоҷикистон дар мавриди истифодаи майдони ҳавоии нави Жуковский, ки баҳори имсол дар наздикии Маскав ба кор оғоз намуда буд, ба миён омадааст.Дар Тоҷикистон чунин ҳисоб мекунанд, ки Жуковский фурӯдгоҳи чоруми авиаузели Маскав ба ҳисоб меравад ва парвоз аз ин майдони ҳавоӣ ба Хуҷанд ва Душанбе ба яктарафа зиёд шудани шумораи парвозҳо аз ҷониби тайёраҳои Русия  оварда мерасонад, ки ин хилофи шартономаи байни кишварҳост. Дар Вазорати нақлиёти Русия чунин меҳисобанд, ки ин гуфтаҳои ҷониби Тоҷикистон асос надоранд ва фурӯдгоҳи Жуковский ба минтақаи Раменский дахл дорад, на ба Маскав ва аз ин рӯ “кӯшиши ҷониби Тоҷикистон барои муайян намудани статуси фурдгоҳи русӣ ҳуқуқи ҳукуматдорони Русияро дар мавриди  муайян намудани ҳудуди худ зери по мекунад” Қабул накардани тайёраҳоро аз фурӯдгоҳи Жуковский дар фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон ҷониби Русия  ҳамчун вайрон иҷро нанамудани шартномаҳои байналмилалӣ  аз ҷониби Тоҷикистон мешуморанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *