Тарчумаи ҳоли Шавкат Мирзиёев

Дар робита ба оғози маъракаи интихоботи президентии Ӯзбекистон бори аввал тарҷумаи ҳоли Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар нашр шудааст.

Тарҷумаи ҳол ва барномаи интихоботии Шавкат Мирзиёеви 59-сола дар сомонаи Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон нашр шудааст. Ин ҳизб Мирзиеёвро дар интихобот номзад кардааст.

Дар ҳолнома омадааст, ки Мирзиёев 24 июли соли 1957 дар вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон дар хонаводаи табиб таваллуд шудааст. Миллаташ ӯзбек аст. Дорои маълумоти олӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1981 дар донишкадаи муҳандисии хоҷагии деҳот шуруъ кардааст. Соли 1990 вакили Шӯрои Олии Ӯзбекистон интихоб шудааст. Аз соли 2003 то замони иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон таъйин шуданаш дар мақоми сарвазирӣ кор кардааст.

Вай оиладор, соҳиби 3 фарзанд ва панҷ набера будааст.

Дар барномаи интихоботии Мирзиёев гуфта шудааст, ки «кишвар таҳти роҳбари вай ба ҳеч блоки низомӣ намепайвандад, ҷойгиршавии пойгоҳҳои низомии хориҷиро дар марзаш иҷозат намедиҳад ва пойгоҳҳои худашро низ дар хориҷ намесозад».

Дар Ӯзбекистон 4 декабр интихоботи президентӣ доир мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *