«Нигоҳ» фаъолияташро қатъ кард

Муассиси «Нигоҳ» аз қатъи фаъолияти ин ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсӣ дар Тоҷикистон хабар дод ва бо пахши изҳорот расман эълон кард, ки «бино ба адами мавҷудияти шароити лозим» маҷбур аст, нашри ҳафтаномаро боздорад. «Нигоҳ» баъди баста шудани се нашрияи мустақилу сахтгӯ — «Рӯзи нав», «Нерӯи сухан» ва «Одаму олам» дар соли 2006 ба саҳнаи матбуоти тоҷик ворид шуда буд.

Дар изҳороте, ки рӯзи 2 ноябр бо имзои Фаридуни Раҳнавард, муҳаррири ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар ихтиёри расонаҳо гузошта шуд, шарҳ дода нашудааст, ки манзур аз «набудани шароити лозим» чист.

Аммо дар эзоҳи ин изҳорот таъкид шудааст, ки»маоши кормандон то 1 январи 2017 ҳифз хоҳад шуд. Ҳаққи хизматгузории чопхона пурра пардохт шудааст. Идораи нашрия дар пардохти андоз ҳеҷ мушкил надорад. Ба обуначиёне аз шумори шахсони ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳаққи пардохти обунаашонро талаб мекунанд, бақияи маблағашон бозгардонда хоҳад шуд. Бо пӯзиш, зарурати шарҳи бештареро намебинам.»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *