Рӯзи дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар шаҳри Бохтар
Дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон Рӯзи дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш ҳазорон сокини касбу кори гуногуни вилояти Хатлон иштирок карданд.
Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон дар ифтитоҳи ҳамоиш гуфт, ки чунин чорабиниҳои оммавӣ дӯстиву рафоқатро таҳким мебахшанд ва ба ташаккули тарзи ҳаёти солим замина мегузоранд.
Ӯ мегӯяд, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23-юми май дар кишвар таҷлил мегардад, чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ, солимгардонӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ободонӣ ташкилу роҳандозӣ шуда истодааст.
“Баргузории дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз ҷумлаи чунин маъракаҳои ҷашнист, ки дар кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Таъсири манфии раванди ҷаҳонишавӣ, таҳдидҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки барои солимии ҷомеа ҷиҳати рушду инкишофи самтҳои гуногуни варзиш ва ҷалби бештари аҳолии вилоят ба тарбияи ҷисмонӣ ва ифтихори ватандорӣ, бахусус дар миёни ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем. Зеро миллати мо ба варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд дошта, ин анъана дар кишвар рушд дорад”- афзуд ӯ.
Феълан дар вилояти Хатлон 11 маҷмааи варзишӣ, 37 ҳавзи шиноварӣ, беш аз 3 ҳазору 170 майдонча ва 571 толори варзишӣ мавҷуд аст, ки аз ҷониби аҳолӣ мақсаднок истифода бурда мешаванд. Теъдоди варзишгарон дар муассисаҳои варзишии вилояти Хатлон зиёда аз 17 ҳазору 100 нафар аст. Давоми чор моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ варзишгарон дар беш аз 30 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 129 медали тилло, 157 нуқра ва 153 медали биринҷӣ гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ