Сохтмончии мактаб бо гумони тасарруфи маблағи калон дастгир шуд

Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад, ки Беҳрӯз Асилов — устои калони ҶДММ “Имдоди Ғайрат” барои тасарруфи зиёда аз 616 ҳазор сомонӣ бо сӯйистифода аз мансаб гумонбар дониста мешавад.

Иттилоъ дода мешавад, ки “номбурда дар вазифаи устои калони ҶДММ “Имдоди Ғайрат” кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №57, №78, №126, №128 ва №129-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи сохтакорӣ маблағи умумии 616218 сомониро барзиёд ҳисоб карда, онро аз они худ намудааст”.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки вобаста ба ин ҳолат нисбати Беҳрӯз Асилов тибқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *