Рӯзи Президентро дар Туркманистон таҷлил намуданд
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон чорабинӣ, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо дар суханронии худ қайд намуд, ки мардуми тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун ҷашни фархунда, рамзи меҳру муҳаббату садоқат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил менамоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ