Боздошти Азамат Ҳамроев ва ҳамроҳонаш дар Русия

Дар  Русия 10 аъзои як гурӯҳи байналмилалии нашъаҷаллоб бо номи “Анначовандоз” боздошт шуданд. Амалиёти боздошти ин гуруҳи калони ҷиноятиро мақомоти милитсияи Тоҷикистон  якҷоя бо ҳамтоёни худ дар Русия анҷом доданд.

 Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  аз онҳо  беш аз 300 кило маводи мухаддири сахттаъсири ҳероин мусодира карда шудааст. Боздошти гуруҳи қочоқбари фаромилллиро  Азамат Ҳамроев, соли таваллудаш 1964, сокини деҳаи Юлдош Ашӯров дар шаҳри Турсунзода роҳбарӣ мекардааст. Номбурда қаблан Болтаев Анна Ҳамроевич ном дошта, бо лақаби Анна-Човандоз маъруф будааст.  

Ин гуруҳ воситаҳои нашъадорро дар дохили қуттии меваҳо ҷой карда ба дигар давлатҳо тавассути нақлиёти боркаш ва қатора интиқол медоданд.

Мақомоти дахлдор рӯзи 18-уми октябри соли 2023 аъзои фаъоли ин гуруҳ Довудхон Зокиров, соли тавалдлудаш 1969, сокини деҳаи Боғистони шаҳри Ҳисорро дастгир карданд, ки аз махфигоҳи яке аз хешовандони ӯ 308 кг воситаи нашъадорро дарёфт кардаанд.

Гуфта мешавад, ки Азамат Ҳамроев, роҳбари гурӯҳ  соҳиби 5 зан, 7 манзил, чанд рамаи иборат аз 1200 сар чорвои хурд, 91 сар асп, 19 уштур, 11 мошини сабукраву боркаш, 6 фермаи чорводорӣ, қариб 6 ҳазор гектар замин, 7 бинои сохтмонаш нотамом, ду мағозаи фурӯши либос ва як мағозаи фурӯши ҷавоҳироти тиллоӣ, 15 кило тилловорӣ дар  Тоҷикистон доштааст.

 Инчунин, дар шаҳрҳои Тверу Қазони Русия як ферма бо 200 сар чорвои калон ва 5 қассобхона, дар Ӯзбекистон як корхонаи ламинат ва манзили пуршукӯҳу гаронбаҳо ба номи ин гурӯҳ сабт гардидааст.

Нисбати  боздоштшудагон  паврандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *