Рӯзи мотами сокинони СССР

8 декабри соли 1991. Ҳаво мисли имрӯза сарду боронӣ буд. Мардуми одӣ дар ҳамаи гӯшаю канори Иттиҳоди Шӯравӣ, ки он вақт ҳанӯз расман ҳамчун давлати ягона вуҷуд дошт, гумон надоштанд, ки дар ин рӯз тақдири онҳори Елсини майзада аз сустии Горбачёви фурӯхташуда истифода бурда,бо ҳамроҳони беандешаи худ ба таври доимӣ ҳал мекунанд.

Ҳама орзуи рӯзҳои неки ояндаро доштанд. Аммо аз Сахалин то  Калининград ва аз Кушкаи Туркманистон  то Архангелски Русия бо чанд имзои ин нафарон яке аз кишварҳои бузургтарини олам пора-пора шуд.

Имрӯз барои мардуми советӣ рӯзи мотам аст ва   аз имзои созишномаи Беловежск, ки ба мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ хотима гузошт, 25 сол пур мешавад. Соли 1991 дар ҳамин рӯз роҳбарони Русия, Украина ва Беларусия Борис Елтсин, Леонид Кравчук ва Станистлав Шушкевич дар дачаи  Вискули Беловежская Пуща санади поёни мавҷудияти СССР, ё Иттиҳоди Шӯравиро, ҳамчун ниҳоди ҳуқуқии байналмилалӣ имзо карданд. Банди аввали ин санад таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мутақилро эълон кард, ки дар тӯли ин 25 сол ба ҷуз ном дигар чизе надошт. 12 декабри соли 1991 Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ин санадро тасдиқ кард. Сарфи назар аз ин ки 17 марти соли 1991 аксарияти кулли  шаҳрвандони Шӯравӣ дар реферундуми умумӣ ба тарафдории Иттиҳоди Шӯравӣ  овоз доданд, натиҷаи ин раъйдиҳиҳо ба назар гирифта нашуд. То моҳи декабри соли 1991 ҳамаи 15 ҷумҳурии узви Иттиҳоди Шӯравӣ мустақилияти худро эълон карда буданд ва  бинобар ин имзои созишномаи Беловежск  як расмияте беш набуд. Мардуме, ки дар ин кишвар (СССР) зиндагӣ карда буданд, то имрӯз аз барҳамхӯрии он ғамноканд ва ин ҳодисаро натанҳо фоҷиаи иҷтимоию сиёсӣ, балки фоҷиаи шахсӣ ҳам мешуморанд.

Воқеан ҳам барои СССР ғам хӯрдан меарзад. Зеро ин кишвар ягона давлате буд, ки дар он адолати иҷтимоӣ риоя мешуд ва бою камбағал, бемору сиҳат, зану мард ва пиру барно худро озоду ҳимояшаванда эҳсос мекарданд. Дар СССР ҚАДРИ  ИНСОН аз ҳама чиз болотар буд. Он ки гӯё СССР озодии мардумро маҳдуд мекард ва аз репрессия кор мегирифт, афсонае беш нест. СССР бо муқобили муқобилони  сохти сиёсии худ мубориза мебурд, ки ин корро ҳамаи давлатҳо мекунанд. Шояд ҳоло мубориза ба муқобили душманони сохти мавҷудаи кишварҳои пасошӯравӣ аз даврони СССР ҳам бадтар бошад. СССР-ро бо он айбдор мекунанд,ки иҷозаи озодона ба иҷрои русуми динӣ машғул шуданро намедод. Ин ҳам як афсона аст. Зеро касе, ки муътақиди дин буд, роҳи иҷрои фаризаҳои диниро меёфт. Имрӯз дину оин озод аст, аммо бубинед дар ҷаҳон чӣ ҳодисаҳо рух дода истодаанд.  Тоҷикон худро дар  ким- кадом кишварҳои арабӣ қурбон мекунанд ва намедонанд, ки барои чӣ? Магар онҳо дар ёди Худоянд? Ҳаргиз не! Онҳо фирефтаи гуфтаҳои чанд афсонагӯ шудаанд. Аз бартариҳои СССР чанд саҳифа нависӣ ҳам, ҳамаашро гуфта наметавонӣ. Бартарӣ дар таҳсил, бартарӣ дар муолиҷа, бартарӣ дар нафақа, бартарӣ дар  хӯроку пӯшок…ва умед ба ояндаи нек. Аз ҳама муҳимаш, мо шаҳрванди КИШВАРИ  БУЗУРГЕ  БО  НОМИ  СССР  будем! Оё меҳри ин кишвар то ҳол дар дили одамон ҳаст? Бинобар назарсанҷии «Левада”, маркази омӯзиши афкори умум дар Русия, ки дар остонаи солгарди созишномаи Беловежск анҷом шудааст, 56 дар сад аз суқути Шӯравӣ изҳори таассуф кардаанд. Албатта, бо гузаштани солҳои зиёд ин шумора кам шудан мегирад. Зеро насле, ки дар ин кишвар ба воя расида буд, сол ба сол кам мегардад. Аммо ин маънои онро надорад, ки СССР давлати барои мардум нодаркор буд. СССР такягоҳи мазлумони ҷаҳон буд ва дар таърих новобаста ба бадгӯиҳои бадхоҳонаш, чунин хоҳад монд. Ҳатто Маҳинае,ки он вақт шашасола будааст, мегӯяд: “Морожнии беҳтарин ва ҷувориқанди ширинро ҳамон вақт хӯрда будам…” Хулоса, имрӯз барои мардуми советӣ рӯзи мотам аст…

А. АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *