Рӯзи сахти Дерипаска

Ширкати «Русал»-и Олег Дерипаска ба думболи таҳримҳои ахири ИМА рӯзи душанбе аз хатари дефолти фаннӣ дар баробари масъулиятҳои қарзиаш ҳушдор дод.

Баъди пахши ин хабар уфти саҳмияҳои «Русал» дар бозори бурси Ҳонконг аз марзи 50 дар сад гузашт. Рӯзи душанбе коҳиши қиммати саҳмияҳои аслии Дерипаска дар бозори бурси Маскав, идома ёфт. Онҳо се баробар арзон шуданд. Дар ин бора нашрияи «Ведомости» хабар дод.Феълан ширкат масъулияташро дар баробари қарздиҳандаҳо иҷро мекунад, — гуфтаанд мақомоти «Русал». Аммо таҳримҳо ба сурати умум ба бизнес ва дурнамои рушди он таъсири манфӣ мегузорад,- омадааст дар изҳороти ширкати алюминии Русия.Ба гуфтаи шабаекаи телевизионии РБК, аз замони эълони маҳдудиятҳои Вашингтон, коҳиши сармояи «Русал» дар бозори бурси Ҳонконг ҳудуди чаҳор миллиард долларро ташкил дод.Рӯзи 6 апрел Ийолоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи 24 ҳарванд ва 14 ширкати Русия таҳрим ҷорӣ кард. Дар феҳрасти Вазорати молияи Амрико афроде шомил шудаанд, ки «аз режими Путин баҳра мебардорнад ва ё дар амалкардҳои зараровари Русия нақш доранд». Олег Дерипаска ва ширкати «Русал»-и ӯ низ ба ин рӯйхат шомил шудааст. Замоне Дерипаска бо ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди маблағгузории НОБ-и Роғун шартнома баста буд. Баъдан русҳо шартномаро яктарафа қатъ намуданд. Имсол чархаи аввали Рроғун бе Дерипаска ҳам ба кор медарояд, аммо кори Русалу Дерипаска чӣ мешавад, маълум нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *