Туркҳо афғонҳоро меронанд

 

Туркия гуфт, ки дар як амалиёти азими ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ садҳо шаҳрванди Афғонистонро ба ватанашон ихроҷ мекунад. Мақомоти Туркия гуфтанд, ки ин афрод дар давоми ҳафтаҳои охир ва ба таври ғайриқонунӣ вориди хоки ин кишвар шудаанд. Рӯзи 8 апрел ҳавопаймои хатсайри Эрзурум-Кобул 227 шаҳрванди Афғонистонро ба ватан интиқол дод. Мақомот гуфтанд, ки илова ба онҳо 400 шаҳрванди дигари Афғонистон ҳам барои истирдод дар рӯзҳои наздик омода шудаанд.

Дар маҷмӯъ аз Эрзурум қарор аст ҳамаи 3 ҳазор муҳоҷире, ки ҳоло дар шаҳр қарор доранд, ба Афғонистон интиқол дода шаванд. Туркия барои муҳоҷирони ҷӯёи зиндагии беҳтар дар Осиё, Ховари Миёна ва Аврупо макони транзитии калидӣ ба шумор меравад. Қаблан матбуоти туркӣ навишта буд, ки дар ҳафтаҳои охир чанд ҳазор муҳоҷири афғон бо фирор аз кишвари ҷангзада ба таври ғайриқонунӣ марзи Туркияро убур карданд. Бовар меравад, ки онҳо тавассути хоки Эрон вориди Туркия шудаанд. Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон Анкараро барои истирдоди мардуми гурезон аз ҷанг интиқод карда мегӯянд, ки бо ин тасмими худ мақомот ҳаёти ин мардумро таҳти хатар қарор медиҳанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *