Лавров аз Тоҷикистон миннатдор аст

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия  гуфтааст, ки ҳимояти Тоҷикистон аз мавқеи Русия дар моҷарои атрофии сӯиқасд ба ҷони як ҷосуси собиқи рус дар Бритониёро қадрдонӣ мекунад.

Сергей Лавров дар ин бора рӯзи 9-уми апрел дар як нишасти хабарии муштарак бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав сухан гуфт.Сергей Лавров, ки баъди имзои барномаи ҳамкории вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистону Русия бо Сироҷиддин Аслов ба суолҳои хабарнигорон посух медод, гуфт:“Мо аз ҳамраъйии Тоҷикистон, ки баробар бо дигар аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар робита ба ҳодисаи Солсберӣ нишон дод, қадрдонӣ мекунем. Мо рӯзи 4-уми апрел дар нишасти вижаи Шӯрои иҷроияи Созмони Манъи Истифодаи Аслиҳаи Кимиёвӣ изҳороти муштараки аъзои паймонро нашр кардем, ки дар он қотеона талаб шудааст, ҳангоми таҳқиқи шаффофу бетарафонаву беғаразонаи қазия ба муқаррароти Конвенсияи манъи истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ такя кунад.”Ба қавли Сергей Лавров, Русия аз кишварҳои шарикаш барои ҳамоҳангсозии мавқеъ дар Созмони Милал, аз ҷумла дар масъалаи баррасии пешниҳодҳои шубҳабарангез ва зиддирусӣ изҳори сипос мекунад. Сергей Скрипал, ҷосуси дугонаи Русияву Бритониё ва духтараш Юлия Скрипалро рӯзи 4-уми март дар ҳоли беҳушӣ дар шаҳри Солсберии Бритониё пайдо карданд. Баъдан мақомоти Бритониё гуфтанд, ки падару духтар аз маводи кимиёвии низомии навъи “Новичок”, ки Русия ихтироъ кардааст, заҳролуд шудаанд ва эҳтимолан сӯиқасд кори дасти Маскав аст.Мақомоти Русия ҳамаи ин иттиҳомотро рад мекунанд. Баъди ин моҷаро Бритониё 23 дипломати русро, ки ба гуфтаи Тереза Мей, нахуствазири Бритониё баъзеашон ба ҷосусӣ машғул буданд, аз кишвараш хориҷ кард. Даҳҳо кишвари дигар, аз ҷумла Амрико ҳам беш аз 100 дипломату низомии русро аз хокашон берун карданд ва таниши байни Русия ва Ғарб боз ҳам авҷ гирифт.Русия ҳам дар ҷавоб даҳҳо дипломати Бритониё ва дипломатҳои дигар кишварҳоро аз қаламраваш ихроҷ кард. Сергей Скрипали 66-соларо додгоҳи Русия соли 2006 бо гуноҳи хиёнат ба ватан ба зиндон маҳкум кард.Додгоҳ гуфт, ки номи ҷосусони русро ба хадамоти иктишофии Бритониё ё MI6 фош кардааст. Русия Соли 2010 Сергей Скрипалро бо 10 ҷосуси руси боздоштшуда дар Амрико иваз кард ва ба ӯ иҷоза дод, ки ба Бритониё биравад

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *