“Рақам” барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?

Муштариёни суғдиро муштариёни “аз ҳама рақамӣ” меноманд, ҳеҷ набошад, дар шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” ҳиссаи истифодабарандагони интернети мобилӣ дар муқоиса ба минтақаҳои дигари кишвар нисбатан баландтар аст. Лекин дар интернет онҳоро маҳз чӣ ҷалб месозад? Мо қарор кардем, дар ин масъала аз директори раёсати минтақавии ширкат дар вилояти Суғд Раҳматҷон Раҳматов маълумот гирем.

Муштариёни суғдии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” интернети мобилиро бо майли том истифода мебаранд. Барои чӣ – оё Шумо хизматрасониҳое доред, ки аз хизматрасониҳои дигар операторон фарқ мекунанд?

— Фарқи асосии мо аз ҳамкорони бозори соҳавӣ шояд дар суръати роҳандозии инноватсияҳо бошад. Дар соҳаи телеком хизматрасониҳои ҳама шабеҳи якдигаранд, муҳим он аст, ки мизоҷони кадоме аз операторҳо ба онҳо аз ҳама пештар дастрасӣ пайдо мекунанд. Ба мо муяссар мешавад, ки навгониҳои ҷолибро аввалин шуда пешниҳод намоем. Мисоли оддӣ – роҳандозии тарофа-конструктори нодири “Биё! Бисоз”. Сокинони Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки бо дастони худ ба ихтиёри худ бастаи хизматрасониҳоро дар дохили тарофаҳояшон бисозанд, ва моҳиятан, арзиши онро низ муайян намоянд. Барои бозори алоқа ин имконияти комилан наву беназир баромад.

Баъзе аз маҳсулоти мо аллакай чандин сол арзи ҳастӣ доранд, лекин то ҳол шабеҳи онҳо дар телеком-бозор дида намешавад. Ин, масалан, замимаи мобилии “МегаФон Life” мебошад. Он ҳамчун як воситаи худхизматрасонӣ – бо мақсади пуркунии тавозун, ивази тарофа, пайвасткунии хизматрасониҳо пешбинӣ гардида буд. Алҳол бошад, он ба як воситаи нодире табдил ёфтааст, ки тариқи он метавон масъалаҳои рӯзмарраро ба осонӣ ҳал кард. Пардохти маблағи хизматрасониҳои ХМК зарур аст? Марҳамат – вориди замима шавед ва пардохт намоед. Тариқи ҳавопаймо парвоз карданӣ ҳастед? Функсияи хариди чиптаҳо дастрас аст. Маҳз чунин имкониятҳои рақамӣ МегаФон Тоҷикистонро дар назди суғдиён боз ҳам ҷаззобтар менамоянд.

— Ин имкониятҳо ба ҳамаи муштариён дастрасанд? Шумо шабакаро дар вилояти Суғд чӣ тавр инкишоф медиҳед?

— Бунёду муосиргардонии шабака дар тамоми ҳудуди кишвар ҷараён доранд, лекин ба минтақае, ки дар он муштариёни “аз ҳама рақамӣ” зиндагӣ мекунанд, диққати махсус зоҳир мешавад. Диққати асосӣ ба алоқаи насли чорум равона шудааст, зеро шабакаи 4G суръатҳои баланди интернети мобилиро таъмин менамояд. Алҳол дар Суғд раванди бунёду бакордарории 25 майдони нави пойгоҳҳои базавӣ идома дорад. Қайд менамоям: ин майдонҳое мебошанд, ки дар онҳо метавон якчанд пойгоҳҳоро ҷойгир карда, ҳамин тариқ фарогирии ҳудуд ва сифати телеком-хизматрасониҳоро беҳтар намуд. Шабакаи 4G дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд вусъат бахшида хоҳад шуд.

Албатта бунёди пойгоҳҳои нави базавӣ дар манотиқи дурдаст бисёртар хусусияти иҷтимоӣ дорад. Теъдоди сокинони маҳаллӣ зиёд нест, барои ҳамин дар бораи зуд бароварда шудани хароҷот дар доираи сармоягузориҳои суратгирифта ҳатто сухан наметавон гуфт. Лекин мо тамоми хароҷоти зикршударо ба зиммаи худ мегирем, зеро барои ноҳияҳои дурдаст алоқа хизматрасонии ниёзи аввал ба шумор меравад. Дар вилояти Суғд алоқаи мо, ва албатта хизматрасониҳои рақамӣ ба бисёри сокинон дастрас ҳастанд. Масалан, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва худи сарҳад бо Қирғизистон.

Оё ширкат барномаи “сирф иҷтимоӣ” дорад?

— Албатта. Ҳатто чунин мегӯям: онҳо набуда наметавонанд. Мо худ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастем ва мехоҳем, ки ҳаёт дар кишвар беҳтар бошад. Ин маънои онро дорад, ки барои ин мо бояд тамоми кӯшишҳои имконпазири худро ба харҷ диҳем. Қариб аз оғози фаъолият ширкати мо ба хонаҳои кӯдакон кӯмак мерасонад, лоиҳаҳои омӯзишӣ ва варзишро дастгирӣ менамояд. Дар соли 2024 бошад, мо нахуст ҳамкории зичро бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастаи мунтахаб роҳандозӣ кардем. Вохӯрии ситораҳои футболро бо дӯстдорони варзиш ташкил менамоем, дар оғози сентябр дар Душанбе ҷашни калони футбол барои мухлисони ҳамаи синну сол баргузор шуд. Метавонед тасаввур кунед, ки барои писарбачагони имрӯза фишурдани дасти бозингари дастаи мунтахаб ва туҳфа гирифтани тӯб бо соядасти ӯ чӣ аҳамият дорад?

Корҳои васеъро мо инчунин бо мактабҳои олии вилояти Суғд амалӣ менамоем. Вазифа – ба донишҷӯён расонидани маълумот дар бораи технологияҳои муосир, пуррагардонии назарияи китобҳои таълимӣ бо маълумот доир ба рӯйдодҳои ҷолибтарине, ки алҳол дар соҳаи телеком ба мушоҳида мерасанд. Масалан, дар тирамоҳ мо машғулиятҳои омӯзиширо барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар Бӯстон баргузор намудем. Дар интиҳо хотиррасон мекунам, ки МегаФон Тоҷикистон мунтазам консертҳои бомиқёсро низ доир менамояд ва онҳо ҳам рӯйдодҳои барҷастатарину рангини фарҳангӣ ба шумор мераванд. Мутмаинам, бисёри суғдиён тобистони соли гузашта дар консерти ситораҳои эстрада ва KidsDay иштирок намуданд. Он вақт 30 ҳазор сокинони Суғд меҳмони чорабиниҳои зикршуда гардиданд. Мо дар рӯзҳои идона дар паҳлуи сокинони Тоҷикистон ҳастем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *