Рақами автобуси №13 дар Душанбе иваз мешавад
Аз 1 сентябри соли равон дар хатсайри автобуси №13 (кӯчаи Гагарин-маҳаллаи Авул) бе тағйири нақшаи ҳаракат рақами хати сайр иваз гардида, минбаъд ин хатсайр таҳти рақами 17 фаъолият менамояд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар хатсайри автобусии №17 фаъолияти автобусҳо тавассути кӯчаву хиёбонҳои Гагарин, Рӯдакӣ, И. Сомонӣ, А. Сино, А. Ғуломов то маҳаллаи Авул роҳандозӣ мегардад.
Инчунин, шуруъ аз 1 сентябр дар нақшаи ҳаракати хатсайри автобусии №33 тағйирот ворид гардида, фаъолияти автобусҳо тавассути кӯчаву хиёбонҳои Мастонгулов, А. Дониш, Дӯстии халқҳо, Н. Муҳаммад, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Шотемур, Қ. Раҳимов, Меҳнат, Шарқ, Лоиқ Шералӣ, Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозӣ то бозори Кушониён ба роҳ монда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ