Рақобати 115 иштирокчии озмуни «Тоҷикон….» дар 115 солагии Бобоҷон Ғафуров
Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» оғоз мешавад.
Қарор аст озмун аз 24 то 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардад.
««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ба 115 солагии академик Бобоҷон Ғафуров бахшида шуда, дар он 115 нафар иштирок мекунад.
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон бошад 1 декабр дар назар аст.
Ёдовар мешавем,ки озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
Ҳадафи он дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ