Рақси мардона аз байн меравад?

Ман санъатшинос нестам, вале чун мебинам, ки дар девори ҳунарҳои асили миллии мо рахна падид омадааст, чун як тоҷик мушаввашхотир мешавам. Вақтҳои охир аз он нигаронам, ки рақси тоҷикӣ, махсусан, рақси мардонаи тоҷикӣ аз байн меравад…

Чун дар рақси тоҷикӣ фаровон истифода шудани унсурҳои ғайрро мушоҳида мекунам, дар ҳайрат меафтам, ки чаро касе аз масъулини соҳа дар ин бора лаб намекушояду аз ин камбудиҳои фаҳшу қабеҳ чашм мепӯшанд?!

Ривояте ҳаст, ки Ораш ном камонгари машҳури Эронзамин пеш аз майдон баромадан бо ҳаракатҳои махсус мақсадашро ба тамошобинон баён медоштааст ва рақс низ аз номи ҳамин қаҳрамон гирифта шуда, аввалҳо ораш, баъд раш, пасон рақс шуда мондааст. Боре як раққоси тоҷик дар як мусоҳибааш гуфта буд, ки рақс бо ҳаракатҳо роз гуфтан бо Худованд аст, аммо ин гуфта ҳаргиз қобили қабул нест! Зеро рақси бонувон ва мардони ҳунарманди тоҷик, аслан ба рақси суфиён, ки самояш меноманд, рабте надорад.

Вале ман дар мавриди таърихи рақс баҳс карданӣ нестам. Нигаронии ман аз он аст, ки дар рақси аксар раққосаҳои тоҷик имрӯз помол шудани фарҳанги зебои рақси бонуи тоҷик эхсос мешавад. Дар мавриди аз байн рафтари рақси мардон бошад, ҳоҷати гап ҳам нест.

Солҳои пеш дар базмҳо аксаран мардон мерақсиданд ва рақси хоси мардонаи тоҷик вуҷуд дошт, ки ҳоло қариб аз байн рафтааст. Ба ёд биёред филми «Ҳасани аробакаш»-ро, Бембулат Ватаев иҷрокунандаи нақши Ҳасан бисёр зебо мерақсад. Дар наворҳо рақсҳои мардонаи устодон Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноатро дидаам… Чанде пеш дар як маҳфил шоҳиди рақси устод Аскар Ҳаким шудам, ки ниҳоят зебову мардона буд…

Имрӯз мардони раққоси мо дар нозу хирому ҳаракатҳои нозук аз бонувон чанд қадам пешанд, онҳо занона мерақсанд. Басаҳнагузорандаи рақс шудани ҳамин гуна мардон буд, ки ин ҳунари миллӣ чеҳраи тоҷиконаи худро қариб гум кардааст.

Ягона бонуе, ки ба қавле рақси тоҷикиро бо тамоми нозукиҳояш иҷро мекунад, Хайринисо Ватанова мебошад. Ин хонуми зебо ҳама ҳаракатҳои фаромӯшгаштаи рақси миллии моро эҳё кард, ки бояд мактаби рақсии худро дошта бошад. Танҳо бо созмон додани мактаби рақсии Хайринисо Ватанова мо метавонем рақси миллии хешро рушд бахшем, вагарна аз ҳамин камаш низ мемонем.

Рақси мардонаи тоҷикиро бошад, эҳё кардан ғайримкон аст (ин фикри ман аст), зеро ҷавонони тоҷик дар тӯю маъракаҳо «лезгинка»-ю «валс»-ро авлотар медонанд, дунбаҷунбонии духтарон ва мисли масхарабозони сирк ҷаҳидани ҷавононро бошад, рақс номидан бераҳмист. Вақти суруд хондан рақсидани ҳунармандони машҳури мо ба саҳна як зеби дигар зам мекард. Рақсҳои зебои ҳофизаи машҳури тоҷик Нигина Рауфова то ҳол аз ёдҳо зудуда нашудааст, ки аз сурудҳояш камие надоштанд. Нуқра Раҳматова, Майсара Дилдорова низ бо ҳавои мусиқӣ хеле зебо ҳаракат мекарданд.

Шояд вақти он расидааст, ки Вазорати фарҳанги кишвар сари ин масъала андеша кунад, ё…?

Лолаи САИДАКБАР, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *