Раҷаббой Аҳмадзода

Раҷаббой Аҳмадзода: Фурудгоҳ бояд ҳамеша зебову озода бошад

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд корҳои созандагӣ вусъат ёфта, иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз фурудгоҳ ҷараёни корҳои ободониро таҳти таваҷҷуҳ қарор додааст. Иттилоъ дода шудааст, ки дар ҳудуди фурудгоҳ бунёди коргоҳи дӯзандагӣ, тарабхона, ошхона, меҳмонхона идома дошта, ҳадаф аз сохтмони иншоот боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон мебошад.

— Коргоҳи дӯзандагӣ ва мағозаи фурӯши маҳсулот аз як ошёна иборат буда, айни замон дар он 40 нафар бинокорон машғули коранд. Дар сохтмони тарабхона ва ошхона барои 150 нафар низ теъдоди зарурии сохтмончиён кор мекунанд. Тибқи нақша, ошхона барои шаҳрвандон ва кормандони фурудгоҳ 24 соат фаъолият мекунад. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ҳамзамон навсозии меҳмонхонаи фурудгоҳ идома дошта, бино бо назардошти талаботи рӯз ба истифода дода мешавад. Меҳмонхонаи фурудгоҳ соли 1970 сохта шуда, аз 5 ошёна иборат аст. Бино дорои 90 хона буда, дар як вақт метавонад то ба 200 нафар хизмат расонад. Баъди ифтитоҳ дар меҳмонхона то 30 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар фурудгоҳ нуқтаи назоратӣ низ фаъол ва 160 адад камера насб гардидаанд, ки аризаву дархостҳои шаҳрвандон сари вақт қабул ва баррасӣ мегарданд.

Раиси вилоят барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо ва бо сифати баланд омода намудани иншоот ба роҳбарияти фурудгоҳ супориш дода, таъкид кардааст, ки фурудгоҳ бояд ҳамеша зебову озода бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *