Рақобат Комроншоҳ бартарӣ дорад ё Саидҷалол?

Дар соли равон аз ҳама бештар  Комроншоҳи Устопириён бо як кирдору чанд пирӯзии арзандааш вирди забонҳо ва ангуштнамои мухлисону мутахассисони варзиш гардид.  Инчунин, мухлисон минбаъд аз рақобати варзишии Комроншоҳ ва Саидҷалол ошкор намудани бартарии ҳақиқии якеро бар дигаре интизоранд.    Рӯзноманигорон, ки дар бохти сохтаи Комроншоҳ аз Саидҷалол аввалиро ҷабрдида медонанд, бештар аз ҳама аз шаъну шарафи Комроншоҳ  дифоъ карданд, то ӯ барои иштирок дар мусобиқаҳои дохилиҷумҳуриявӣ аз сари нав роҳ ёбад.

Акнун  ним сол мешавад, ки ба зӯрозмоиҳои ҳар ду дар мусобиқаҳои берун аз ҷумҳурӣ бодиққат менигаранд. Комроншоҳ бо ду дастоварди бузурги варзишиаш пас аз ду-се моҳи муҷозот исбот намуд, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ нисбат ба Саидҷалол бартарӣ дорад. Дар мусобиқаи байналмилалии Анталияи Туркия ба гирифтани ҷойи дуюм ва медали нуқра сарфароз гардид. Ин пирӯзӣ исбот кард, ки Комроншоҳ аз кирдори содиркардааш дар мусобиқаи Ҷоми Наврӯзии пойтахт хулосаи дуруст бароварда, рӯхафтода нашудааст ва аз ӯ минбаъд дастовардҳои бузургро умедвор шудан имкон аст. Ва дере нагузашта ӯ унвони фахрии чемпиони Осиё-2017-ро соҳиб шуд.

Дар чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо аз ҳафт паҳлавони тоҷик ягон нафараш натиҷаи дилхоҳ нишон дода натавонист (инчунин Комроншоҳ ва Саидҷалол).

Аз ин рӯ, вақте дар арафаи мусобиқаи панҷумин Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо эълон карданд, ки дар он аз ҷумла Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов иштирок менамоянд, ҳама гӯш ба қимор шудем ва ҳатто дилпур будем, ки ин ду рафиқи паҳлавон ҳатман ба финали мусобиқаи мазкур роҳхат мегиранд.

Бегоҳии 5-уми октябр чунин ҳам шуд. Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти далатии шаҳри Ваҳдат Ҷоми 5-уми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо баргузор шуд. Дар он паҳлавонони 17 давлат – Арманистон, Афғонистон, Беларус, Британияи Кабир, Куба, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Олмон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Украина, Ҳолланд, Ҳиндустон, Ҷопон ва ИМА дар вазни -90 кг миёни ҳам қувва озмуданд.

Рақобатҳо дар татами хеле шавқовару диданӣ гузаштанд. Тавре чашмдор будем, ба финал паҳлавонони маъруф ва рафиқони дерин  Саидҷалол Саидов ва  Комроншоҳи Устопириён ба даври финалӣ бо ҳам рақобат карданд. Ин қувваозмоӣ дар рӯҳияи эҳтироми ҳамдигарӣ ҷараён гирифт ва ҳар ду барои пирӯзӣ хеле талош варзиданд. Бахти Саидҷалол хандиду ӯ бо бартарии имтиёзҳо ғолиби 5-умин Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо эътироф шуд ва  барои ҷои аввал 56 ҳазор сомонӣ мукофот гардид.

Аммо Комроншоҳ ду рӯз пас боз исбот намуд, ки аз мағлубият  дар мусобиқаи Ваҳдат рӯҳафтода нест, балки аз он сабақе бардошаасту 8 октбяр дар мусобиқаи Гран-Прии гуштии дзюдо дар шаҳри Тошканд дар вазни то 90 кило медали тилло ба даст овард…

(Алоқамандони сомона метавонанд давоми матлаби мазкурро дар шумораи №41 (11 октябри соли равони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бихонанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *