Варзоб: Мард гулӯи ҳамсарашро бурид ва хонаашро оташ зад

Як сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб бегоҳи 14 октябр дар ҷараёни як муноқишаи оилавӣ гулӯи ҳамсари худро бо корд бурида, сипас дар сари қаҳр манзилашонро оташ задааст. Зану шавҳарро бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба бемористон бурда, мардро боздошт кардаанд. Зарари сӯхтор 35 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудаааст.

Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 44-солаи сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзобро бо гумони расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ дастгир намуданд.

Номбурда, санаи 14-уми октябри соли равон, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ҳамсараш, зани 38-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, қисми болои пусти гулӯяшро буридааст. Баъдан, аз ин кирдораш қаноатманд нашуда, хонаашро оташ задааст.
Дар натиҷа зану мард ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Дар натиҷаи сӯхтор молу ашёҳои хона дар масоҳати 120-метри мураббаъ сӯхта нобуд шудааст. Зарари расонидашуда 35000-сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *