Радиои “Имрӯз” –минбари адолат

Тозатарин матолиби рӯз… Даҳшат… Бехабар намон…-Шунавандагони доимии радио бо шунидани ин суханон дарҳол пай мебаранд, ки дар эфир радиои  “Имрӯз” аст.

Инак, 10 сол мешавад, ки садои  “Имрӯз” дар фазои иттилоотии  кишвар танинандоз аст ва ин садо яке аз маҳбубтарин садоҳост барои мардуми тоҷик. Бо мақсади ҳамкасбони худро бо ин рӯзи фархунда муборакбод гуфтан, мо ба директори радиои “Имрӯз” Худоёри Валӣ занг задем.

 

-Салом Худоёр! 10-умин солгарди таъсисёбии Радиои “Имрӯз” ва 13 солагии ҶДММ “Ориёно-медиа” муборак бошанд!

Ташаккур, ки моро фаромӯш накардаед!

-Ҳар кӣ аз фардо умед дорад, “Имрӯз”-ро фаромӯш намекунад!

-Лутфи шумо зиёд аст.

-Худоёр, ҷои пӯшида нест, ки ҳар як роҳбар тарзу усули махсуси кори худро дорад. Вақте Шуморо ҳамчун роҳбари радиои “Имрӯз” интихоб намуданд, корро аз чӣ оғоз кардед? Интихоби кадрҳои нав, реҷаи нави корӣ ё…?

— Дар илми арифметика як ҳисобе аст, ки аз дигар шудани ҷои ҷамъшавандаҳо сумма тағйир намеёбад. Ман ҳеҷ гоҳ наандешидаам, ки барои  пешрафти кори идора, бояд коргари навро ба коргари қаблӣ иваз намоям, чунки вақте тахассуси касбӣ дар инсон нест, дар ягон ҷабҳа муваффақ нахоҳад шуд. Мо касеро аз фаъолияташ боз надоштем, вале талаботро зиёд намудем. Ҳар инсоне, ки ба коре даст мезанад, алалхусус нафаре, ки худро рӯзноманигор меҳисобад, бояд демократияи шаффофияти касбии худро дошта бошад.

Шумо аз ин пеш таҷрибаи роҳбариро дар дигар радиоҳои кишвар доштед. Миёни радиоҳое, ки фаъолият намудед, чӣ тафовуте дар шакли барномарезӣ вуҷуд дорад?

-Радиоҳое, ки қаблан кор мекардам, давлатӣ буданд, Имрӯз” бошад, радиои хусусӣ аст. Фарқият дар шакли сохторӣ дида мешаваду халос.

Ҳамчун роҳбар бигӯед, ки барои мутахассисони хубро тарбият намудан, (манзурамон омӯхтани нозукиҳои касби рӯзноманигорӣ аст) чӣ зарур  аст: таъминоти хуб бо техникаҳои нави замонавӣ, ҷамъ кардани ҷавонони болаёқат ва роҳнамоии онҳо ё дастгирии иқтисодии кадрҳои ҷавон?

-Он чизеро, ки ба сифати савол пешниҳод кардед, метавонам бигӯям, ки дар ташаккул ҳар кадоми онҳо дар ҷои худ нақш дорад. Техникаҳое, ки дар радиои мо таҷҳизонида шудааст, аз ҷиҳати сифат ва иқтидор аз дигар радиоҳо ба куллӣ фарқ  мекунад. Мо аз тамоми расонаҳое, ки дар фазои иттилоотии кишварамон вуҷуд доранд, сабақ мегирем. Шахсан барои ман мояи ифтихор аст, ки бо ташабусси Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, таъсиси Академияи  ВАО ҶТ рӯи кор омад. Кормандони мо яке аз аввалинҳое ҳастанд, ки дар ин ҷо такмили ихтисос намуда, шаҳодатномаи ин ниҳодро гирифтанд. Бо истифода аз фурсат ба Зинатулло Исмоилзода, ки роҳбарии ИЖТ ва Академияи ВАО ҶТ   бар дӯш дорад, арзи сипос мекунам, зеро нақши эшон дар ин самт хеле назаррас аст.

-Имрӯз донишҷӯёни зиёде риштаи рӯзноманигориро хатм мекунанду аз норасогии ҷои кор танқисӣ мекашанд. Радиои “Имрӯз” имкони ба кор қабул кардани хатмкардаҳои ин риштаро дорад ё шумо танҳо журналистони таҷрибадорро  ба кор қабул мекунед?

-Мо бо шуъбаи рӯзноманигории ДМТ робитаи хуби ҳамкорӣ дорем. Бо дастгирии  Илҳомҷон Ҳомидов, устоди ин факулта донишҷӯён ба радиои мо барои таҷрибаомӯзӣ пешниҳод мешаванд. Ду моҳ пеш бо хоҳиши худи донишҷӯён 15 нафарро ба радио даъват намуда, як ҳафта таҷрибаомӯзӣ гузаронидем. Баъд ба ҳар як нафар аз соҳаҳои гуногун мавзӯъ пешниҳод кардем ва хостем, ки он чи дар амалия диданд, онро иҷро намоянд. Аз байн қариб ду моҳ гузашт, вале аз ягон нафари онҳо дараке нест. Фикр мекунам базаи моддию техникии донишҷӯёни ин соҳа ба дараҷае, ки лозим аст, кифоят намекунад. Барои исботи гуфтаҳоям боз як мисоли дигар меорам. Як донишҷӯ, ки риштаи рӯзноманигори байналмилалиро дар хориҷи кишвар хатм намудааст, барои кор кардан  ба мо муроҷиат намуд. Ҳангоми шиносоӣ маълум гашт, ки одитарин жанрҳои журналистикаро намедонад.  Ба хотири сабукӣ афтидан як саволи иловагӣ додам. “Расонаҳоеро, ки дар дохили кишвар  фаъолият мекунанд, номбар карда метавонед? Хомӯш. Луқма партофтам, вале  натавонист ҷавоб гӯяд.

Дар ин ҷо айб дар бемасъулиятии донишҷӯён аст ё нокифоя будани таълим дар донишгоҳ?

-Иллати аз бар накардани дониш дар худи донишҷӯён ва ҷавонон аст. Вазорати маориф ва илми ҶТ, Ҳукумати ҶТ шароити мусоид фароҳам овардааст, аммо худи донишҷӯён ҳавасро аз орзу ва орзуро аз мақсад тафовут гузошта наметавонанд. Вақте наттоқ ё рӯзноманигореро мебинанд, ки шуҳрати зиёд дорад, кӯр-кӯрона идеал мекунанд. Замоне ворид мешаванд, аз мушкилиҳо меҳаросанд ва аз ҳамон идеал, орзу ва мақсаде, ки доштанд, дур мешаванд.  Рӯзноманигор ва табиб бояд ҳеҷ гоҳ хатто накунад, зеро сухане, ки рӯзноманигор менависад, метавонад ҳам сӯзанда бошаду ҳам созанда.

-Айни ҳол дар радиои “Имрӯз” чанд барнома пахш мешавад ва кадоме аз ин барномаҳо ғайри мустақим аст?

-Ҳамарӯза шаш барнома пешниҳод мекунем, ки ду соат идома меёбад, соатҳои боқимонда барномаҳои мусиқӣ ҳастанд. Хушбахтона ягон барномаи мо ғайри мустақим нест. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки кормандони “Имрӯз” мутахассиси кори худ ҳастанд. Ин гуфтаҳоро зангҳои телефонӣ ва вохӯрии мухлисон тасдиқ мекунад.

-Коргари беҳтарин аз назари шумо кист: оне, ки сари вақт ба кор ҳозир мешавад ё оне, ки мавзӯъҳои доғи рӯзро мебардорад?

-Коргари муваффақ нафарест, ки барномааш аз ҷониби шунаванда қобили қабул аст ва  дархӯри мушкили ҷомеа.

-Пештар дар эфири радиои “Имрӯз” мавзӯъҳои доғи ҷомеаро таҳлил менамуданд. Чаро имрӯз ба ғайр аз  Саидэҳсони Ҷалолиён дигар касе чунин барнома таҳия намекунад?

-Вақте ба забоншинос дар бораи адабиёт савол диҳед, мегӯяд, ки соҳаи ман нест, кори забоншиносон аст. Ҳар кӣ дар самти худ устувор бошад, мавзӯъро таҳлил карда тавонад, ӯро метавон мутахассиси ҳамон соҳа номид. Як нафар наметавонад ба ҳама мавзӯъҳо даст занад.

-Роҳбарон бештар паи анҷоми масъулияти бар дӯш доштаашон ҳастанду вақти холигии кам доранд.  Шумо вақти холигиатонро ба кадом корҳо сарф мекунед?

— Қонеъ гардонидани шунаванда барои мо ҳамеша вазифаи №1 аст. Ман чӣ дар вақти холӣ ё чӣ дар вақти корӣ ҳамеша дар ҷустуҷӯи эҷоди нав ҳастам барои шунавандагони “Имрӯз”.

-Худоёр, шумо дастпарвари кадом донишгоҳ ҳастед ва киҳоро устоди худ мешуморед?

-ДДК, факултаи таърих ва филологияи тоҷик, ҳамчунин курси шашмоҳаи рӯзноманигориро дар шаҳри Кӯлоб хатм намудаам. Дар риштаи рӯзноманигорӣ дастпарвари телевизиони Кӯлоб ҳастам. Устод Сафаралӣ Бозорзода ва то соли 2014 тамоми роҳбарони вақт, чӣ дар Шабакаи аввал, чӣ дар радиои “Садои Душанбе” ва чӣ дар радиои Тоҷикистон барои ман ҳаққи устодӣ доранд. Чизеро, ки дар ин давра аз худ кардам, саҳми онҳост.

-Дар зиндагӣ хотири Худоёри Валиро чӣ парешон мекунад?

-Он чи ки барои ман қобили қабул нест ва ман онро барои ҷомеа қабул надорам. Рафту ҳамон чиз дар раванди рӯзгор ба вуҷуд омад,  боиси озурдахотирии ман мегардад.

-Бонуи хонадонатон ғамгин бошад, бо кадом амал хотирашро болида месозед?

-Ман ҳеҷ гоҳ намегузорам, ки ҳамсарам ғамгин шавад. Ӯ аз оилаи зиёӣ аст ва дар ҳалли корҳоям мусоидат менамояд.

-Чанд фарзанд доред?

-4 фарзанд

-Ба Шумо дар зиндагӣ ва корҳои эҷодиатон муваффақиятҳои беназир мехоҳем!

Суҳбаторо: Маҳинаи Давлат

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *