Гумонбари ҳамла дар Консулхонаи Амрико тоҷикбача аст?

Шаби гузашта афроди номаълум дар шаҳри Санкт-Петербурги Русияаз дохили мошин ба девори бинои консулгарии Амрико ва як мошини ин идора ранг партофтаанд. Пулис мегӯяд, ин мошини «Мерседес” ба як шаҳрванди Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Соати тақрибан дувуними шаби 29 август як мошини «Мерседес”-и рангаш кабуд, ки аз тарафи хиёбони Литейний ба самти кӯчаи Фурштатская ҳаракат мекард, дар назди бинои консулгарии Амрико дар кӯчаи Фурштатскаяи шаҳри Санкт-Петербург муҳаррикашро кушта манъ кардааст. Сипас аз дохили мошин ба бинои консулхонаи Амрико як стакан ранг ҳаво додаанд. Ин ранг ба даромадгоҳи бино ва қаноти чапи як мошини марбут ба консулгарӣ расидааст.

Баъди ин мошини «Мерседес” ба тарафи истгоҳи метрои «Чернишевская” рафтааст.

Пулис мегӯяд, мошине, ки аз дохили он ба бинои консулгарии Амрико ранг партофтаанд, ба як зодаи Тоҷикистон тааллуқ дорад. Ин мард расман бекор буда, дар Петербург дар наздикии бинои консулгарии Амрико зиндагӣ мекардааст.

Маъмурони пулис билофосила ба маҳалли зисти вай сар задаанд, вале касеро пайдо накардаанд.

Пулис мегӯяд, тафтиши ҳодиса ва ҷустуҷӯи соҳиби мошин идома дорад.

Дар моҳи майи соли 2013 як шаҳванди 19-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав бо иттиҳоми саргпартоӣ ба бинои сафорати Бразилия дастгир шуда буд. Тафтиши баъдӣ нишон дод, ки ин ҷавон бемории рӯҳӣ доштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *