Рафъ гаштани торикӣ пас аз 3 соати зулмот

  Интиқоли нерӯи барқ дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон Баъди се соат қатъи нерӯи барқ  аз сар гирифт. Айни ҳол нерӯи барқ дар пойтахт таъмин аст, дар Кулоб, Суғд ва дигар минтақаҳо низ мардум ва муассисаҳо бо нерӯи барқ таъмин шудаанд. Рӯзи 28-уми октябр соати тақрибан 7 ба вақти Душанбе нерӯи барқ дар пойтахт қатъ шуд. Дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон, ки дар маркази ин вилоятҳо шаҳрҳои Хуҷанд ва Қурғонтеппа ва ҳамингуна дар шаҳри Кулоб нерӯи барқ набуд.

Ба думболи қатъи нерӯи барқ дар бисёре аз гӯшаҳои Тоҷикистон, нахуствазир Қоҳир Расулзода барои ошноӣ бо вазъи Норак, нерӯгоҳи бузургтарини кишвар сафар кардааст. мегӯянд сабаби қатъи барқ «пеш омадани мушкил» дар нерӯгоҳи Норак буд, вале мутахассисон саъй доранд, онро рафъ кунанд.

Азбаски шифохонаҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим низ аз нерӯи барқ маҳрум шуданд, мутахассисон мегӯянд, ки мушкили техникӣ агар дар Норак ё шабакаҳои баландшиддати барқ ва ё истгоҳҳои тақсими нерӯи барқ ба вуҷуд омада бошад, пас мушкили ҷиддӣ буд. Дар вилояти Бадахшон, ки нерӯгоҳи Помирро дорад, мардум бо нерӯи барқ таъмин ҳастанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *