Рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Айнӣ идома дорад
Бино ба маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳудуди деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бо мақсади бартарафсозии паёмадҳои сели харобкор корҳои зиёд анҷом дода шудаанд.
— Барои кумак ба осебдидагон, тоза кардани қубурҳои обгузар, кӯчаҳо ва роҳҳои деҳа аз селовардаҳо 120 нафар сокинони деҳа ва 6 адад техникаи муҳандисӣ ҷалб гардид. Дар натиҷаи ҳашар 2 ҳавлӣ, 12 иншооти ёрирасон, 2 километр роҳ, 400 метр селроҳа ва 800 метр латоки обёрии заминҳо аз ҳар гуна ифлосиҳо, лою регу санг тоза карда шуд,- меафзояд манбаъ.
Инчунин, Раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Зарафшон ба аҳолии зарадида аз офати табиӣ дар деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ 1000 кило орд, 60 кило макарон, 100 литр ранғани растанӣ, 40 кило шакар, 40 кило чой кумак намудааст.
Гуфта мешавад, ки корҳои бартарафсозии паёмадҳои сел идома доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ