Тағйироти кадрӣ дар КДАМ-и Тоҷикистон

Имрӯз, 7-уми август бо фармонҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори КДАМ-и Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Ҳамин тавр, Насимҷон Раҷабзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ — сардори Ситоди генералии КДАМ-и Тоҷикистон озод гардида, ба ин мақом Ҳикматулло Пиракзода, собиқ сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд таъин шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, Умар Умарзода сардори Сарраёсати неруҳои марзбонии вилояти Суғд таъин шуд. Муовини дигари фармондеҳ Кишваршо Хушвахт аз вазифа озод шуда, ба ҷои ӯ Тоҷиддин Шоҳвализода таъин гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *