Раиси Амонатбонк бо Питер Саимонс мулоқоти маҷозӣ кард

«Амонатбонк» ҳамкориро бо Институти ҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана (WSBI) тақвият медиҳад.

Бо ин мақсад раиси «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода бо директори Институти ҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана Питер Саимонс мулоқоти маҷозӣ анҷом дод. Ҷонибҳо аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки дар ояндаи наздик нақшаи кории муштарак таҳия шуда, ҷонибҳо муносибатҳои шарикиро дар сатҳи нав тақвият медиҳанд. «Амонатбонк» аз соли 2004 узви WSBI мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *