Боздошти тағо барои латукӯби ҷиянаш

Мақомоти милитсия Муҳаммад Шарифов, сокини шаҳри Душанберо барои латукӯби хоҳарзодааш боздошт карданд.  

Муҳаммад Шарифов 20 сол дошта, дар кӯчаи Арбобхотуни ноҳияи Синои пойтахт зиндагӣ мекунад.

Зимни санҷиши кормандони мақомоти милитсияи Душанбе муайян кардаанд, ки бо ҷой доштани муноқишаҳои оилавӣ тӯли яксоли охир дар ин оила 26 –уми феврал Муҳаммад Шарифов ҳангоми ба амал омадани муноқишаи навбатӣ бо апааш Саёҳати Д., соли таваллудаш 19.08.1992 дар сари қаҳру ғазаб фарзанди ноболиғи ӯ Раҳмонов С., соли таваллудаш 2010-ро мавриди лату куб қарор медиҳад. Дар натиҷа ноболиғ Раҳмонов С. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мебардорад.

Ҳоло аз рӯйи ин ҳодиса санҷиш идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *