Раиси Хатлон ба дидори волидайни сарбози шаҳид рафт
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба дидори волидайни сарбози шаҳид Салоҳиддин Муъминов рафтааст. Ин сарбоз дар муноқишаҳои сарҳадӣ ба ҳалокат расида буд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, Салоҳиддин соли 2020, пас аз хатми курси ронандагӣ довталабона ба сафи Артиши миллӣ пайваста будааст.
— Раиси вилоят ба волидони Салоҳиддин барои тарбияи фарзанди ҷасуру меҳанпараст изҳори сипос намуда, афзуданд, ки халқу Ватан ҷонфидоиҳои фарзандони шуҷоъро фаромӯш намекунанд. Қайд гардид, ки ба гиромидошти Салоҳиддин Муъминов яке аз кӯчаҳо ё муассисаҳои таълимӣ ба номи ӯ гузошта хоҳад шуд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ