Раиси Истаравшан: Дар як сол 18 нафар даст ба худкушӣ заданд

Дар шаҳри Истаравшан давоми як соли 2023-юм 3 хонандаи мактаб даст ба худкушӣ задаанд.

Дар ин бора Адҳам Маъмурзода, раиси ин шаҳр зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Вай таъкид кард, ки 2 ҳолати худкушии ноболиғон ба бемории рӯҳӣ вобаста аст.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми як соли сипаришуда ҳамагӣ 18  нафар дар шаҳри Истаравшан даст ба худкушӣ задаанд. Аз инҳо 5 нафар зан мебошанд.

 Гуфта шуд, ки ҳолати мазкур нигаронкунанда аст. Ҳоло барои бартараф кардани ин мушкилоти доғдори ҷомеа бо масъулони мақомоти дахлдор корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.

 Фарзона Шамсиева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *