Раиси ошхона барои куштори зан ҳабс мешавад
Тибқи иттилои ВКД раиси 37-солаи “Шаббодаи Анзоб”, сокини ноҳияи Айнӣ, ки қаблан бо 4 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла дуздию қаллобӣ маҳкум шудааст, 22-юми сентябр боздошт гардид.
Тибқи иттилои тафтишот боздоштшуда 7-уми январи соли 2016, зани 48-солаи сокини шаҳри Душанберо лату кӯб карда, дар таҳхонаи ошхонаи мазкур зиёда аз 7-шабонарӯз дар сардии зимистон нигоҳ доштааст: “Дар натиҷа зани ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш дар таҳхона ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ афзуд, ки гумонбаршуда ҷасади зани мазкурро дар мавзеи “Чоре”-и ҷамоати деҳоти Айнӣ дар чуқурии 1-метр гӯронидааст: “Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ