Раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон 18 сол зиндонӣ шуд

Раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимов бо ҷурми хиёнат ба давлат ва сӯйистифода аз мақом ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Дар ин бора РИА “Новости” бо такя ба дафтари матбуоти Прокуратураи шаҳри Остона хабар медиҳад.

«Бо илова кардани қисман ҷазо, ниҳоят ҷазо — 18 соли зиндон, бо мусодираи молу мулк ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ таъин карда шуд»,- омадааст дар гузориш.

Ҳамчунин, ба ғайр аз аз раиси пешини Кумитаи амнияти миллӣ се муовини собиқи ӯ — Ануар Содиқулов, Даулет Ерғожин ва Марат Осипов низ мутаносибан ба муҳлати 16, 15 ва 3 сол маҳкум шудаанд.

Гуфта мешавад, ки мурофиаи роҳбарони собиқи КАМ дар охирҳои соли 2022 бо гумони иртибот ба ошӯбҳои табаддулоти моҳи январ оғоз шуд.

Ёдрас мешавем, ки Масимов ва муовинони ӯ моҳи январи соли 2022 боздошт шуда буданд. Қаблан прокурори генралии Қазоқистон Берик Асилов ҳушдор дода буд, ки раиси собиқи КАМ метавонад ба 17 соли зиндон маҳкум шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *